Бибию бобои падариям шахсони зиёиянд, дар нафақа бошанд ҳам, заррае бекор намеистанд. Лаҳзаҳои фориғ аз ташвишҳои зиндагияшон ҳафтаворҳои гуногунро мутолиа мекунанд, ману додарам, ки бисёртар бо онҳо зиндагӣ мекунем, ин хислати эшонро гирифтаем.
Яъне, рӯзномахонем, байни ин ҷаридаҳо рӯзномаи «Оила» мақоми худро дорад, аз ин рӯ, дарди дили хешро ба унвонии ҳафтавори шумо мефиристам. Ман имсол дар синфи ёздаҳ мехонам, вале ба қавли Ҳофизи бузургвор гардиши аём ва қисмати нобасомон дар ин синну сол маро пир кардааст. Ман панҷсола ва додарам ду сол дошт, ки волидонам аз ҳам ҷудо шуданд.
Ба хубӣ дар ёдам ҳаст, ки мо дар ҳавлии зебою бошукӯҳ зиндагӣ мекардем, падарам тоҷир буданду ҳамеша дар сафар, модарам банди маъракаороию дугонабозӣ. Ману додарам доя доштем, Гавҳархолаи меҳрубон моро мисли нури чашмонаш нигоҳ мекард, вале чӣ шуду чӣ монд, ки волидонам аз ҳам ҷудо шуданд…
Як шаби барфбоди сарду торик аз баҳсу ҷангу ҷанҷоли волидонам бедор шудам, давида ба ошхона рафта дидам, ки падарам ба гулӯи модарам корд мондаасту бо тамоми овоз ӯро ҳақорат медиҳад. Аммо бо дидани ман ӯ кордашро партофта, маро ба оғӯш кашид, китфонаш меларзиданд, падарам мегирист. Модарам ҷонҳавл ба сӯйи дар давид ва баъд аз ин ман ӯро надидам…
Ҷудоӣ аз модар ва майхорагии падар
Пас аз ин воқеа падарам дигар бо касе гап намезад, мисли рӯзҳои пешин ороста шуда, кор намерафт, танҳо мағоза рафта, арақ меоварду онро менӯшид. Арақ менӯшиду мегирист, ману додарамро тӯли ду сол Гавҳархолаи меҳрубон нигоҳ мекард, кор то ҷое расид, ки мо ҳавлиямонро аз даст додему ба як хонаи чорҳуҷрагии канори шаҳр кӯчидем. Падарам нӯшидану занакбозияшро идома медод, ӯ аз як марди босалобати зебо ба майзадае табдил ёфта буд, ки занҳои бероҳаи ифлосро ба хона оварда, ба чӣ корҳое машғул намешуд дар шоҳидии мо- ду кӯдаки бегуноҳ. Пас аз ҷудоӣ бо модарам, падарам на бо волидонаш гап мезаду на бо додари ягонааш, чун ба хонаи нав кӯчидему Гавҳархола дигар омада, моро нигоҳ карда наметавонист, ману додарам умуман бенигоҳубин монда будем. Гавҳархолаи меҳрубон баъди ду моҳ ба хабаргирии мо омада, аҳволро диду назди бибию бобоям рафта, нақл кардааст, онҳо ба хона омада, моро зӯран ба хонаи худашон бурданд. Ман ду моҳ дер карда, ба мактаб рафтам, аммо пеш аз ҳамсабақонам хондани «Алифбо»-ро ёд гирифтам. Падарам ба ҳамон авҳол буд, аммо ҳар шанбею якшанбе моро ҳамроҳаш гирифта, ба хонааш мебурд. Акнун каме калон шуда будаму ҳоли зори падарамро дида, дилам хун мешуд. Саволҳои ман дар бораи куҷо будани модарам беҷавоб мемонданд. Зиндагии сагонаи падараму бадбахтиҳои мо қариб нуҳ сол идома ёфтанд. Ҳарчанд бибию бобоям кӯшиш мекарданд, ки ҳама чизро барои мо муҳайё созанд, вале мо аз гармии меҳри волидайн бебаҳра будем.
Моиндар ва муҳоҷират
Пас аз чанде дар зиндагии падарам тағйирот ба амал омад, дар зиндагияш зане пайдо шуд, ки мехост падарамро аз ботлоқи мурдори бадбахтӣ раҳонда, одам кунад. Ин зан аз шавҳари аввалааш бо як писарча ҷудо шуда будааст. Дар тӯли ин солҳо падарам ин хонаашро низ аз даст дода, иҷоранишин буд. Пули иҷораашро аз ҳисоби фурӯхтани мағозаҳо ва як чиз ним чизи мондагияш медод, бо пайдо шудани ин зан падарам каме ба худ омад ва онҳо ақди никоҳи мусулмонӣ баста, азми сафари Россия карданд. Падарам моиндарамро розӣ кард, то моро низ ҳамроҳ гиранд. Ин ҳангом ман синфи даҳ ва додарам дар синфи ҳашт мехонд. Дар Русия мо назди тағои моиндарам рафтему ба зудӣ волидонам ҷойи кор ёфтанд. Корашон сердаромад набошад ҳам, онҳо пули иҷораро медоданду ба хӯроку пӯшокамон мерасид. Ману додарам ба мактаб мерафтему писари моиндарам ба кӯдакистон, ман бисёр хуб мехондаму дар як муддати кӯтоҳ бо рафиқони дабистонияму муаллимонам дӯст шудем. Нав нафаси беғаме кашида будем, ки ба сарамон ташвиши дигар омад. Аниқтараш моиндарам ниқоби меҳрубонияшро дур партофта, чун моиндари афсонаҳои модаркалонам ба азоб додани мо сар кард. Моиндарам зани ниҳоят зебою нозукандом буд, падарам ӯро аз ҷони ширинаш зиёдтар дӯст медошту писарашро ягон заррае аз мо кам намедонист. Ману додарам низ ӯро оча гуфта, ҳурматашро ба ҷо меовардем, ман то нисфи рӯз дар мактаб будаму баъд аз мактаб тамоми кори хонаро мекардам. Аслан ин барои ман ягон душворӣ надошт, хонаву дарро тамиз карда, то омадани падару модарам додари хурдиямро (писари моиндарамро чун додари худам медонистам) аз боғча меовардам, аммо моиндарам боз ягон баҳона ёфта, маро меранҷонд. Ӯ бисёр мехост, ки мо ба назди бибию бобоям баргардем, ӯ ҳамеша инро ба падарам гӯшзад карда мегуфт:
- Волидонат дар ҳавлии зебои маркази пойтахт танҳо зиндагӣ мекунанд, бигузор бачаҳо бо онҳо бошанд, то мо пул кор карда, хона харем. Падарам бо мулоиматӣ мегуфт:
-Очаш, бачаҳо баробари ман дар зиндагӣ азоб кашиданд, ман намехоҳам онҳо аз ман дур бошанд. Падару модарам нафақахӯранд, ман ба онҳо ёрие намекунам, аслан додарам онҳоро нигоҳубин мекунад, бас аст муттаҳамӣ. Корамон хуб аст, Худо хоҳад, дар ҳамин Русия ҳавлӣ месозам, бигузор бачаҳо ҳамин ҷо хонанд. Оҳиста-оҳиста ғур-ғури моиндарам зиёд шуду акнун ӯ рӯирост мегуфт, ки бачаҳоятро дидан намехоҳам. Падарам ҳамеша аз пушти мо бо занаш ҷанг мекарду боз ба арақнӯшӣ дода шуд…
Давом дорад