Амини маҳалла аз мулкталошии онҳо ангушти ҳайрат газида, худ ба худ гуфт: “Ё тавба, талоши онҳоро дида, касе гумон намекунад, ки онҳо пораи ҷигарашонро аз даст додаанду ба хоки хунук гӯронидаанд”.
Сипас мӯйсафед бо овози баланд гуфт:
- Ман танҳо хостам ҳамчун амини маҳалла ба шумо маслиҳат диҳам. Хушбахт миёни замину осмон сарсону саргардон нашавад мегӯям. Ба молу мулки Ҷасуру Ҷамила маро коре нест. Ин як маслиҳате буду халос.
Муҳаббат боз хомӯш наистода, ба гап ҳамроҳ шуд:
- Барои машварататон ташаккур. Мо ҳоло намурдаем, ки ҷиянамон сарсон шуда монад. Агар инҳо нигоҳубин накунанд, мана ман ба ӯ кафил...
***
Хушбахт беист мегирист. Бо кашаву кулчақанд шикамаш сер намешуд. Баъзан шабҳо хоб намекард. Аз хоби ноз хезондани Хушбахт Муҳаббатро ба ғазаб меовард. Баъзан агар гиря кардан гирад, дастони кӯдакро "даматро гир шумқадам" гуфта, мепучид. Аз дарди ҷонкоҳ гиряи кӯдак баландтар мешуд. Шавҳари Муҳаббат занашро дашном медод, ки чаро ин "касофатро" ба хона овардааст.
- Камтар истед, ман корҳоямро ҳал кунам, ба хонаи тағо ё холааш бурда мепартоям. Охир ин қадар молу давлат ба ҳамин шумқадам монад? Агар ба ҳамаи молу мулк соҳиб шавем, то мурданамон мерасад,- шавҳарашро ором карда мегуфт Муҳаббат.
Ҳамин тавр аз байн се моҳ гузашт. Молу мулки Ҷасурро ба нею нестони хоҳарони Ҷамила нигоҳ накарда аз худ кард Муҳаббат. Моҳи чорум бошад, тағову холаҳои Хушбахтро ҷеғ зада, гуфт:
- Хушбахт танҳо ҷияни ман нест. Нигоҳубинаш ҳам фақат вазифаи ман не. Барои ҳамин, қудоҳои муҳтарам, минбаъд ҷиянатон бо навбат дар хонаи ҳамаамон зиндагӣ мекунад. Навбати ман тамом шуд. Акнун касе хоҳад марҳамат, кӯдакро нигоҳубин кунад.
Ду хоҳари Ҷамила бо баҳонаи дар хона хушдоман доштанашон нигоҳубини кӯдакро рад карданд. Тағояш Саид ба Муҳаббат теғ кашида нигаристу гуфт:
- Майлаш, ман ҷиянамро соҳибӣ мекунам. Муҳаббат, мо аз аввал кори хато кардем. Бояд маслиҳати амини маҳалларо гирифта, ӯро ба мактаб-интернат мегузоштем. Молу мулкро бошад, ба номи худаш.
- Ба ман нигаред. Каме бошад ҳам, аз бойгарии Ҷасур ба шумоён додам. Ҳамаашро аз худ накардам-ку! Акнун ношукрӣ накарда ҷиянро нигоҳубин кунед.
***
Ҷуссаи нозуки кӯдак рӯз аз рӯз мечӯкид, хеле лоғар шуда буд. На хӯроки дуруст мехӯрду на меҳру навозиш медид. Дар хонаи тағояш ҳам номаш Хушбахт не, "шумқадам" шуд. Ҳамсари тағояш "чор кӯдаки худам бас набуд, ки ба ман дарди сари дигар овардӣ" гуфта, ҳар рӯз бо шавҳараш ҷанг мекард. Кӯдак гоҳ-гоҳ аз “навозишҳои” янгааш ҳам "баҳравар" мешуд. Дар охир зани тағояш ба шӯр омаду гуфт:
- Ё ман дар ин хона ҳамроҳи кӯдаконам зиндагӣ мекунам, ё ин шумқадаматон бо шумо.
- Занак, чаро намефаҳмӣ? Охир ин ҷияни ман аст. Ғайр аз ин, сила кардани сари як ятим чӣ қадар савоби бузург аст медонӣ?
Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро
гуфтаанд.
- Бас-бас, тоқатам тоқ шуд. Дигар ба ман муаллимӣ накунед. Гап ҳамин, ё ман, ё ин шумқадам,- аз аспи ҷаҳл нафаромада, гуфт келинчак.
- Ризқу рӯзии кӯдаконамро ба ӯ диҳам? Як-ду кумаки хоҳаратонро гирифта, муттаҳаму забонкӯтоҳ шудем, ки фарзандашро калон кунем,- дар ғазаб шуда, афзуд ӯ.
Ҳамин тавр, дар байн боз кӯдак сарсон монд. Ниҳоят тағояш Хушбахтро гирифту ба аммааш супорид, вале...
АРДАШЕР