Ҳисси раҳму шафқат ва одаму одамгарӣ сол то сол камтар шуда, ҷойи онро дар ҷомеаи муосир кибру ғурур, кинаву адоват, худхоҳию худпарастӣ ва ишқи пулу мол мегирад.
Далели равшани ин гуфтаҳо сокини шаҳри Исфара аст, ки дар пайи зарбаи як мушти бародарзодааш ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо гумони куштор як марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфараро боздошт кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, санаи 27-уми майи соли 2021, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар дохили роҳрави назди ҳавлии истиқоматиашон бо амакаш марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҷангу ҷанчол намуда, бо дасташ 1-мушт ба сари рӯйи охирон задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, рӯзи 2-юми июни соли 2021 дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Бар асоси ин моддаи Кодекси ҷиноятии кишвар дар сурати тасдиқи иттиҳомот маҳрумшударо аз дувоздаҳ то понздаҳ соли зиндон таҳдид мекунад.
Феълан, назари боздоштшуда ва ҷониби ҳимояи ӯ дар робита ба қазияи куштори амакаш маълум нест.
Ин нахустин ҳолати куштори хешу табор набуда, қаблан ВКД ҳатто як сокини ношияи Шаҳринавро боздошт карда буд, ки дар гуштори модараш гумонбар дониста мешавад.