Як сокини кишвари Конго бо исми Лувизо дар сомонаи иҷтимоӣ бо Натали ном духтаре шинос шуд. Вақте муносибатҳои ошиқонаи онҳо оғоз ёфт, Лувизо хабар надошт, ки дӯстдоштааш боз ду апаи экизак-Наташа ва Надежда дорад.
Хоҳарон марди ошиқро фиреб карда, ба мулоқоти ошиқона ҳар кадоме ба навбат мерафтанд. Лувизо бошад, аз он ки дар як вақт бо се духтар вомехӯрад, хабар надошт.
Кор ба ҷое расид, ки ҳар се хоҳарон ба Лувизо ошиқи зор шуданду фиреби худро ошкор намуда, пешниҳод намуданд, ки ҳар сеи онҳоро ба занӣ гирад.
Ҷавон дар аввал ба ҳолати шок гирифтор шуд, вале баъди чанде андешаронӣ ба қароре омад, ки азбаски ҳар се хоҳарро дӯст медорад, бо ҳар сеяшон зиндагӣ кардан фикри олиҷаноб аст.
Азбаски сегоникҳо аз якдигар ҳеҷ гоҳ ҷудо нашудаанд, аз он ки минбаъд дар як хона бо як мард зиндагӣ мекунанд, хеле шод ҳастанд.