Ишқи ҷоншикор
Ишқи ҷавони сабзинаи қоматбаланд дар дили ӯ хона кард, ба хушгӯиҳои ҷавон бо табассум ҷавоб медоду ӯро боумед мекард. Комил писари як марди сарватманд буду пайи ба даст овардани дили оҳуи сурхпӯш ҳама кӯшишро ба харҷ дод. Чун фаҳмид, ки духтарак лоларо дӯст медорад, барояш дастагулҳои бузурги лола меовард. Оқибат оҳу ба дом афтоду акнун ин ҷуфти озодаро бе ҳам тасаввур кардан ғайриимкон буд.
Комил ҷавони шаҳрӣ, дар оилаи мансабдоре таваллуд шуда, як апа дошт, ӯ хеле эркаю пулпараст буд. Соли гузашта духтари дӯстдоштааш шавҳар карду ӯ барқасди волидонаш, ки ӯро хостгорӣ нарафтанд, донишгоҳро партофт. Волидони серпулаш бо шиносбозӣ ӯро боз ба донишгоҳ оварданд, ин ҷо ӯ боз ошиқ шуд. Боғигул дар дилаш мақсадҳои нек дошта бошад ҳам, Комили ҳавасбоз пайт меҷуст, то аз ӯ ком ситонад. Зеро гумон дошт, ки танҳо бо ҳамин кор метавонад ӯро аз майл кардан ба каси дигар боздорад. Комил хуб медонист, ки агар Боғигул чеҳраи аслии ӯро фаҳмад, як соат ҳам бо ӯ намеистад.
Баҳор фаро расиду Комил ба Боғигул гуфт, ки якҷоя ба сайри лолазор мераванд ва духтар бо хушнудӣ онро қабул кард.
Субҳи дигар Комил бо мошини он вақтҳо овозадори «Волга» назди хобгоҳ ҳозир шуду онҳо ба сафар баромаданд.
Лолаҳои сиёҳ
Боғигул паҳлуи Комил менишасту сарашро гоҳ-гоҳе ба китфони фаррохи ӯ мегузошт. Ҷавон ҳам бо меҳр аз пешонии ӯ мебӯсид, духтарак бо шавқу ҳавас дар бораи ӯро лолаарӯсак ном бурдани ҳамдеҳаҳояш нақл карду Комил гуфт:
- Лолаарӯсак зуд пажмурда шуда, баргҳояш мерезанд, ту лолаи лола!
Ростӣ, Боғигул аз шаҳр берун набаромада буду намедонист мавзеи қарор доштаи онҳо чӣ ном дорад, аммо кӯҳу пуштаҳои лолазор чашмонашро мерабуд. Онҳо хеле дар талу теппа сайругашт карданд, баъд Комил бағоҷи мошинашро кушода, аз он ҷо хӯрданиҳои лазиз бароварду онҳо шӯхию бозикунон хӯрок хӯрданд. Баъд миёни лолазорон Комил Боғигулро бӯсид, духтарак бори аввал шаҳди бӯсаҳои ошиқонаро чашида, махмур шуд, аммо вақте ошиқаш ба кашидани либосҳои ӯ сар кард, муқобилият нишон дод. Аз ин саркашии духтар қаҳри Комил омаду ба рӯяш шаппотие фаровард, духтар аз ҳайрат шокӣ шуд ва Комил амали касифашро ба ҷо оварда, домони духтарро доғдор кард.
Боғигул гаранг-гаранг худро ба мошин расонд, шодияш ба мусибат табдил ёфт, дар назараш лолазор сиёҳ намуд. Як дашт пур аз сабзаҳои кабудфом ва лолаҳои сиёҳ.
Комил чӣ қадар узр пурсиду зорӣ кард, ки ӯро бубахшад, аммо Боғигул аз ӯ канд. Дигар ба рӯяш нигоҳ намекард. Комил боз донишгоҳро партофт, Боғигул сӯзи ниҳонашро дарун карда, худашро ба хондан бахшид, аммо…
Самараи гуноҳ
Баъд аз чанде духтар фаҳмид, ки ҳомила аст ва нишонии Комилро пайдо карда, роҳ пеш гирифт ба сӯйи хонаи онҳо. Модари Комил пас аз шунидани ин хабар гуфт:
- Ту манҷалақӣ, ҳаромиятро ба сари писари ман заданиӣ?! Хестӣ, ки хобӣ, пагоҳ рафта дар донишгоҳ шармандагиятро мебарорам!
Боғигул гирякунон ба хобгоҳ расиду ба акааш занг зада, гуфт, ки мехоҳад ба ягон донишгоҳи Маскав гузарад. Ғаниҷон ин қарори хоҳарашро пазируфту дар муддати се моҳ ҳуҷҷатҳояшро тахт карда, ӯро ба Маскав гузаронд. Кӯдаки батни Боғигул аллакай ша моҳа шуда буду дигар онро пинҳон карда намешуд. Духтар дигар илоҷ надошт ва ҳамаашро ба янгааш Ҳалима нақл кард. Чун Ҳалима ин ҳамаро ба Ғаниҷон нақл кард, дили ҷавонмард қариб буд кафад, аммо зани порсову хушзабонаш тавонист ӯро ором намояд. Ғаниҷон ҳавонавард ва Ҳалима психолог буданду писаракашон дусола буд.
- Ҳеҷ гап не, қатори Салмон фарзанди хоҳаратро ба воя расонида, ӯро аз бадномӣ раҳо мекунем,- гуфт Ҳалима.
Ҳамин тавр, духтараки нозанине, ки самараи таҷовузи як нокас буд, ба дунё омад.
(Давом дорад)
Рухсора САИД