Боғигул дар ошхона машғули пухтани хӯрок буд, духтари ягонааш Беназир ҳамроҳи духтарони ҳамсоя ба тамошои Ромит рафта буданд ва ҳамин ҳоло бояд баргарданд. Шабнам ягона хушбахтии модар дар ин даҳри дудар буд ва ӯ бо ҳавсала ғизои дӯстдоштаи ӯ - кабоби дегиро мепухт.
Боғигул оташро паст карда, хӯрокро дам андохт ва рӯйи миз нишаста, аз мевадон шафтолуе гирифта ба даҳон бурд, ки занги дар садо дод. Кушода буд, ки духтаракаш як бағал лоларо ба сӯйи модараш дароз кард. Ранги зан канд, дилаш зад, аз дидани лолаҳо, вале ба хотири духтараш онҳоро гирифта, гӯшае гузошт…
Лолаарӯсак
Боғигул дар оилаи зиёӣ ба воя расида буд, дар деҳаи дурдасти онҳо модари ӯ ягона зани маълумоти олидор ва директори мактаб буд. Шояд ягона директор аз занҳо дар тамоми ноҳия буд. Модари ӯ дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудаву бо падараш ҳамсабақ буданд, ишқи ҷавоне аз ҷануби мамлакат, боз аз як деҳаи дурдаст духтари шаҳриро ба ин ҷо оварда буд. Модарашро ҳама иззату эҳтиром мекарданд, ӯ маслиҳатгари бонувони деҳа буд. Падараш дар ҳукумати ноҳия вазифаи масъуле дошт. Дар оилаи онҳо чор нафар - се писару се духтар ба воя мерасиданд. Боғигул духтари ягона ва фарзанди кенҷаи хонавода буд. Модараш дар тарбияи фарзандон хеле сахтгир буд, писарони хонавода ҳар кадоме ба донишгоҳҳои бузурги кишвар дохил шуданд.
Боғигул хеле зебо буд ва аз хурдӣ пӯшидани либосҳои сурхро дӯст медошт, хешу табор ва ҳамсояҳо бо шӯхӣ лолаарӯсакаш ном мебурданд. Духтарак қад кашида, ба як хонуми хеле нозанин мубаддал гашт, мехост духтур шавад ва ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳи тиббӣ супорид. Бародари калонияш донишгоҳи ҳавонавардиро дар Маскав хатм карда, бо духтараки тоторе хонадор шуда, ҳамон ҷо монд, бисёр мехост, ки хоҳараш наздаш равад, вале ӯ нахост.
Насиҳати модар
Модар пеш аз он ки духтарашро ба хондан равон кунад, ӯро наздаш шинонида, хеле насиҳат кард.
- Духтарам, ту хеле зебо ва дилоро ҳастӣ, медонам, ки ин ҷо бо касе меҳр наварзидӣ ва ошиқ нашудӣ, ишқ хоҳӣ нахоҳӣ ба хонаи дили ту меҳмон мешавад, вале эҳтиёт бош. Ту медонӣ, ки ман падаратро дӯст доштаму гапи падару модарамро рад карда, ба ӯ ба шавҳар баромадам, пушаймон ҳам нестам, аммо як умр дар кунҷи дилам барои писанд накардани волидонам пушаймонам. Падару модарам ба хотири ман ин ҷо меоянд, ман он ҷо меравам, бибию бобои падарият ҳам маро хеле дӯст медоранд, аммаю амакҳоят низ ҳурматамро ба ҷо меоранд… Аммо дилам гоҳе сиёҳ мешавад, ки ман гапи волидонамро нагирифтам. Ту ҳам кӯшиш намо, то ишқ гуфта, ба рӯи арзишҳои инсонӣ по намонӣ.
Модар инро гуфту ӯро ба оғӯш кашид, аз пешонияш бӯсид.
Боғигул модарро бовар кунонд, ки ҳеҷ гоҳ насиҳатҳои ӯро фаромӯш намекунад.
Духтар бо дониши худ ба донишгоҳ дохил шуду дар як муддати кӯтоҳ азизи дили устодону ҳамсабақон гашт. Ӯ насиҳати модарро чун ҳалқа ба гӯш карда, ба ягон нафар назари меҳр надошт, ошиқонаш аз мӯйи сараш зиёд буданд, аммо ӯ намехост сухани модарро шиканад.
Курси аввалро бо баҳои аъло ба охир расонду ба курси дуюм гузашт. Пас аз таътил ба гурӯҳи онҳо ҷавоне омад, ки баъди рухсатии академикӣ таҳсилро давом медод. Ана ҳамин ҷавон дар дили ӯ майсаҳои муҳаббатро сабз кард…
(Давом дорад)
Рухсора САИД