arzon replenishment
Вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия пулакӣ мешавад
858

Ба Думаи давлатии Россия лоиҳаи қонуни навро дар бораи пулакӣ кардани вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба қаламрави Федератсияи Россия пешниҳод намудаанд. Дар ин бора fedpress.ru хабар додааст. Тавре ки манбаъ менависад, ҳадаф аз ҷорӣ намудани қонуни нав дар бораи пулакӣ кардани вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба қаламрави Россия кам кардани хароҷотҳои буҷҷаи кишвар барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

“Қонуни мазкур ба сабук кардани сарбории буҷет дар самти татбиқи тадбирҳои депортатсияи шаҳрвандони хориҷие, ки қонунгузории Федератсияи Русияро вайрон кардаанд, мусоидат мекунад ва инчунин манбаи иловагии даромадро ба вуҷуд меорад", –омадааст дар қисмати шарҳи лоиҳаи қонун.

Айни замон лоиҳаи мазкур дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Дар сурати ба ҷонибдории он овоз додани шумораи зиёди депутатҳо қонуни мазкур қабул шуда, минбаъд шахсони бетабаа ва шаҳрвандони хориҷие, ки барои машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ бидуни раводид-виза ба Русия мераванд, барои ба қаламрави Федератсияи Россия ворид шудан пул месупоранд. Андозаи маблағи месупурдаи муҳоҷирони меҳнатиро Ҳукумати Россия муайян хоҳад кард.

Тибқи лоиҳаи қонун расид, яъне квитансияи пардохти ҳаққи вуруд ба рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ворид карда мешавад.
Айни замон депортатсияи шаҳрвандони хориҷие, ки бе гирифтани раводид ба Русия омадаанд, аз ҳисоби буҷети федералӣ амалӣ карда мешавад. Муаллифони лоиҳаи қонуни нав мегӯянд, ситонидани ҳаққи вуруд аз муҳоҷирони меҳнатӣ сарбории буҷҷетро камтар месозад ва минбаъд депортатсияи муҳоҷирони ихроҷшуда аз ҳисоби маблағҳое, ки худи муҳоҷирон ҳангоми ворид шудан ба Россия месупоранд, амалӣ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД