Шаҳри Сен-Пйер, ки дар ҷазираи Мартиникаи соҳили баҳри Кариб ҷойгир буд, яке аз зеботарин мавзеъҳои ин макон ба ҳисоб мерафт. Вале 8-уми майи соли 1902 ҳашт километр дуртар аз ин шаҳр вулқони Монтан-Пеле фаввора зада, онро ба хок яксон кард.
Ин офати даҳшатангези табиат тамоми аҳолии шаҳрро, ки зиёда аз 30 ҳазор нафарро ташкил медод, ба коми худ фурӯ бурд. Аз ин миён танҳо ду нафар зинда монду халос.
Зиндони зеризаминие, ки аз як хонаи тангу торик ва ҳавоногузар бо дару деворҳои сангин иборат буд, маҳбуси 25-сола Аугусте Кипариро аз марг наҷот дод.
Нафари дуюм мӯзадӯз Леон Комперу Леандру, ки ҷони худро аз байни алангаи оташи даҳшатнок раҳо кардааст, чунин мегӯяд: «Агарчи сахт осеб дида бошам ҳам, хушбахтам, ки наҷот ёфтам. Ҷое, ки паноҳ бурдам, девори сангини хонаам буд. Он пеши роҳи оташро гирифт».