Бо назардошти боло рафтани арзиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 1-уми январи соли 2025 маблағи ҷарима барои қонуншиканиҳои гуногуни дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда боло меравад.
Аз ҷумла барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ дар соли 2025 аз 37000 то 75000 сомонӣ ҷарима баста мешавад.
Барои вайрон кардани қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳо, баргузор намудани ҷашни зодрӯз, маъракаи хатнасур, дафну азодорӣ ва мавлудхонӣ шаҳрвандонро то 9000 сомонӣ ҷарима мекунанд. Бояд гуфт, ки дар сурати аз ҷониби шахси мансабдор содир шудани чунин амалҳо маблағи ҷарима то 26 250 сомонӣ боло бурда мешавад.
Барои дар тӯйҳои арӯсӣ аз меъёри муқарраргашта меҳмони бештар даъват намудан, риоя накардан ба вақти муқаррашуда ва дигар қоидаҳо шаҳрвандон то 16 500 сомонӣ ва шахсони мансабдор то 41 250 сомонӣ ҷарима баста мешаванд. Соҳибони тарабхона ва сарояндаҳое, ки қонуни танзимро вайрон мекунанд, то 112 500 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.
Барои ташкил кардани маъракаи пешвозу гусели ҳоҷиён ва ҳоҷиталбон то 22 500 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.
Барои сеҳру ҷодугарӣ аз 6000 то 7500 сомонӣ ҷарима мекунанд.
Волидоне, ки монеи таҳсили духтаронашон мегарданд, аз 75 000 то 90 000 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.