Волидайн пир бошанду бо ғурбати бисёр фарзандро азоб диҳанд, аз хона баромада рафтани фарзанд мумкин аст?
Мурод, хонандаи “Оила”.
Посух
Ҳар амал ё бархӯрде, ки аз ҷониби волидайн ба шумо мерасад, набояд онро азобу шиканҷа ҳисобид, зеро ки волидайн нисбати ҷигарбанди худ чунин амалро раво намебинанд. Шумо ҳаққи тарк кардани онҳоро надоред, хусусан дар ҳоле, ки падару модар ба синни пирӣ расидаву ба хидмати шумо ниёз дошта бошанд. Худованд мефармояд:
«Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш (дигаре)-ро ибодат макунед, ба падару модар накӯкорӣ бикунед, агар яке аз онҳо ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ! Ва аз (ҷиҳати) меҳрубонӣ бозуи фурӯтаниро барояшон паст кун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, бар онҳо бибахшой, чунончӣ маро дар хурдсолӣ парвариш карданд!». (Сураи “Исро”, оятҳои 23-24)