Умедамро аз зиндагӣ кандам, дасту диламро аз ҷони ширинам шуста, интизори фаро расидани марги даҳшатноки худ нишастам.
Ҷонваре, ки тамоми деҳаро ба даҳшат оварда буд, ба ман расида гирифт. Акнун дар байни мо ҳамагӣ чанд қадам масофа буду халос, вале аз чӣ бошад, ки мурдахӯр ба ман ҳуҷум намекард. Мурдахӯр чанд лаҳза бо чашмони оташбораш маро ҳадафи нигоҳи маргзойи худ қарор дод. Нафас аз шиддати тарсу ҳарос дар гулӯям печид, хаёл кардам, ки ҳамин ҳоло дилам торс мекафад, вале ҷонвари даҳшатнок якбора мурдаи дар даҳонаш бударо ба пеши пойи ман ҳаво доду чун бод тозон ҷониби гӯрҳои мурдаҳо давида рафт…
Чанд лаҳза ё чанд соат дар ҳамон ҳол лолу карахт нишастам, дар ёд надорам, як вақт овози ҷӯраам Хусрав ба гӯшам расид:
- Рамшед, зиндаӣ? Ба ту чӣ шуд, ҷӯраҷон?
Сар бардошта, дӯстонамро дар болои сарам дидам.
- Мурдахӯр ба гӯшат чиҳо гуфт?,- ҳазл кард Зафар.
- Мурдахӯр гуфт, ки ҷӯраҳои ноодамат садқаи одамгарӣ шаванд,- талх табассум карда гуфтам дар ҷавоб ва афзудам,- касофатҳо, думатона хода карда гурехтед, агар ҳамон дарранда маро мехӯрд, шумо аз дур истода тамошо мекардед, ки чӣ тавр мурдахӯр Рамшедро пора-пора мекунад?!
Дӯстонам чӣ гуфтанашонро надониста, гунаҳкорона нигоҳашонро ба замин дӯхтанд.
- Исто, ки мурдахӯр ба ту чӣ «савғотӣ» ҳадя карда рафтааст,- нигоҳи тезбинаш ба ҷасади дар назди ман хобида афтода, пурсид Зафар.
Ман гӯё танҳо ҳамин лаҳза мурдаи кафанпечро дида бошам, бо ҳайрат ба «туҳфа»-и аз худ ёдгорӣ гузоштаи мурдахӯр нигаристам. Рӯйи мурдаро кушода, ҳар чаҳорамон якбора «воҳ» гуфта мондем. Ҷасади дар наздамон истода мурдаи кампири Ашўрбӣ буд ва дар баданаш пайи дандонҳои мурдахӯр боқӣ монда буданд. Бо дидани ин манзара аз ҳуш рафтам. Дигар чӣ шуд, намедонам.
Ҷӯраҳоям маро бардошта ба хонаамон овардаанд. Пас аз ҳамон воқеа чанд моҳ бемор хобидам. Шабҳо мурдахӯрро хоб дида, мисли девонаҳо фиғонкашон бедор мешудам. Волидонам маро ба назди табибони номдор бурда, дурудароз табобат карданд.
Баъди шифо ёфтанам аз забони пайвандонам шунидам, ки раиси маҳалла аз ҳуҷуми пай дар пайи мурдахӯр ба қабристон ҷонбезор шуда, шабҳо дар водии хомӯшон посбон мондааст. Бо шарофати ҳамин талошҳои раис ин ҳайвон аз мазори деҳаи мо гум шуд…
РАМШЕД
P.S. Ин ҳодиса дар яке аз деҳаҳои дурдасти кишварамон ба амал омада, барои ба иззати нафси қаҳрамонҳои асосӣ нарасидан, номҳояшон иваз карда шудааст.