Ҳукумати ВМКБ иттилоъ медиҳад, ки барои пешгирӣ аз баландшавии нарх дар бозорҳои вилоят комиссияи махсус зерии роҳбарии муовнии аввали раиси вилоят Алишер Мирзонаботов фаъолият дорад.
Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати вилоят аъзои комиссия ду ҳафта инҷониб бо соҳибкорони бозори марказии шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят барои дар ҳолати доимӣ нигоҳ доштани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ вохуриҳо баргузор мекунанд.
Намояндагони комиссия савдогаронро огоҳ кардаанд, ки дар сурати худсарона баланд бардоштани нарху навои маҳсулот аз ҷониби мақомоти ҳифзи қонун нисбаташон чораандешӣ карда мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилоят “нархи хӯрокворӣ ва дигар махсулоти ниёзи аввал давоми чанд рӯз боло нарафтааст. Дар бозорҳои вилоят, махсусан дар шаҳри Хоруғ нархи маҳсулот, аз ҷумла картошка - 5, 5 - 6 сомонӣ, сабзӣ - 2, 5, пиёз - 5, помидор - 20, бодиринг - 12, карам - 3 сомонӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи пештара дар дораи нархномаҳои Раёсати зиддиинҳисорӣ дар ВМКБ фурӯхта шуда истодаанд”.
Комиссия зимни санҷиш ва рейдҳои муштарак бо фурӯшандагони гӯшту шир суҳбат карда, барои бо нархи пештара барои 1 литр шир 5 сомонӣ ва барои 1 кило гӯшт 44 сомонӣ нигоҳ доштани нархашон супориш додааст.
Инчунин, барои дастгирии тоҷирон ҷиҳати паст кардани пардохти ҳаққи иҷораи ҷой дар бозор бо соҳибони мағозаҳо суҳбат гузаронида шуд.
Ҳукмати вилоят бо мақсади таъмини бозори вилоят бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла бо маслиҳату гуфтушунид бо кишоварзону соҳибкорони минтиқаҳои дигари кишвар нақашаҳои махсус таҳия намудаанд.
Бояд гуфт, ки барои танзими нархи орд аз ҷониби Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза ба бозорҳои кишвар миқдори муайяни орд бо нархи нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузошта мешавад.
Ин тадбирҳои ВМКБ саривақтист, зеро як ҳафта боз сокинонои ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз баланд рафтани нарху наво маводи ғизоӣ дар дӯкону бозорҳо шикоят доранд.
P. S: Сомонаи “Oila.tj ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, вобаста ба ҳама гуна иқдому ташаббусҳо дар ин самт иттилоъ медиҳад.