Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин шоми имрӯз, 13-уми июн ҷаласаи фаврӣ баргузор хоҳад кард. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки сарвари Россия ба миён гузоштанист, дигаргуниҳо дар сиёсати муҳоҷиратии кишвар ва кору зиндагии минбаъдаи шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Россия мебошад.
“Рӯзи панҷшанбе, 13-уми июн Президенти Россия Владимир Путин дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ҷаласа доир намуда, мавзӯи сиёсати муҳоҷиратии Россияро ба миён мегузорад. Дар ин бора намояндаи расмии Кремл Дмитрий Песков хабар додааст”,- навиштааст lenta.ru дар такя ба ТАСС.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, дар рафти ҷаласа масъалаҳои муҳим, аз қабили дигаргуниҳо дар сиёсати муҳоҷиратии Россия, тағйироти наве, ки ба қонунҳои муҳоҷиратии РФ ворид карда шудаанд, зиндагӣ ва кору фаъолияти минбаъдаи шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар ва дар маҷмуъ ояндаи муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Қаблан президенти Россия Владимир Владимирович Путин назари худро нисбат ба кори Хадамоти федералии муҳоҷират баён намуда, изҳори норозигӣ карда буд, ки бо дарназардошти масъалаи амният ва бехатарӣ назорат намудани раванди муҳоҷират ба зиммаи Вазорати корҳои дохилӣ гузошта шуд, вале то кадом андоза самаранок будани ин тасмим зери суол аст.
Ёдрас мешавем, ки Владимир Путин пас аз ҳодисаи нохуши дар Крокус-Сити Холл рӯйдода изҳор дошта буд, ки дар Россия бояд як вазорати алоҳида фаъолият намояд, ки танҳо бо масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ сарукор дошта бошад.
Сарвари Россия бар он андеша аст, ки бо муҳоҷирони меҳнатӣ қабл аз сафарашон ба Русия дар ватани худашон кор бурда, онҳоро ҳам аз нигоҳи касбӣ ва ҳам аз назари ҳуқуқӣ омода намудан лозим аст, то баъди ба Федератсияи Россия омадан қонунҳои ин кишварро риоя намуда, пурсамар кор кунанд.