Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сар задани як ҷинояти хунин дар Вилояти Суғд хабар додааст. Ҳодиса дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқуъ пайваста, як ронандаи 32-соларо дар дохили мошинаш кордборон кардаанд.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҳодиса тахминан соатҳои 20-30-и шом сар зада, байни ронандаи 23-солаи мошини “Опел-Астра” ва як ҷавони 18-солаи ҳамдеҳааш баҳсу муноқиша ба миён меояд. Дар рафти ин моҷаро аввал ронанда мусофирро як корд мезанад ва баъдан ҷавони 18-сола кордро аз дасти ронанда кашида гирифта, ӯро бераҳмона кордборон мекунад.
Ронандаи дар хуну халаф ғарқи “Опел-Астра”-ро бо 12 захми корд ба бемористон бурданд, нисбати ҷавони 18-сола бошад, бо қисми 1-и моддаи 32-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.
Тафтишти ин қазияи хунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.