Sebiston new 2024 october
ВЕЛОСИПЕДИ САРХӮР
2130

Аксари мардони тоҷик ошиқи мошин ҳастанд, вале ҷавонмардоне низ ёфт мешаванд, ки велосипедсавориро авлотар мешуморанд. Ба ақидаи ин тоифа дучарха нисбатан безарар аст. Аммо ин нақлиёти бе зарар низ баъзан ба сари соҳибаш бало меорад. Ҳодисаи хунини дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар рӯй дода далели равшани ин гуфтаҳост.

Шоми 19-сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенц», Саидов Воҳид Қурбоназаровичи 35-сола ҳангоми аз Панҷ ба самти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаракат карданаш дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар-Дӯстӣ-Панҷи поён аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромада, сокини ноҳияи Ҷайҳун Фирӯз Маҳмадиеви 22-соларо, ки савори велосипед буд, пахш намуд. Дар натиҷаи ин садамаи хунин ҷавони велосипедсавор ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ бардошта, ҳалок шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД