Шароити таълиму тарбия ва хониш дар мактабҳои президентӣ ва литсейҳои ҷумҳуриявӣ ҳарчанд то имрӯз хуб бошад ҳам, аз меъёр зиёд будани хонандагон дар синфҳо, омӯзгорони ғайритахассус ва чанд мушкилии дигарро бояд дар фурсати наздик ҳаллу фасл намуд. Ин нуктаро вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода рӯзи 29 июн зимни баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа дошт.
Дар ҷараёни ҷаласа гузориши сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Шарофиддин Асомиддинзода “Оид ба вазъи таълиму тарбия, ҳолати ҳуҷҷатдорӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар мактабҳои президентӣ ва литсейҳои ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқат” шунида шуд.
Раҳим Саидзода диққати ҳозиринро ба фаъолияти муассисаҳои типи нав (литсею гимназияҳо ва мактабҳои президентӣ) ҷалб намуда, таъкид дошт, ки фаъолияти ин муассисаҳо бояд дар сатҳи беҳтар ба роҳ монда шавад.
Маркази матбуоти вазорат навиштааст, ки вазири маориф ва илм дастур дод, то низоми қабули хонандагон ба мактабҳои президентӣ таҷдиди назар карда шавад.