-Падарҷон, ман намехоҳам, ки шумо аз модарам ҷудо шавед. Агар ҳамин корро кунед, ман донишгоҳро партофта, сарамро гирифта аз Тоҷикистон меравам.
Чун бо падарам маслиҳат кардам, мӯйсафеди бечора китф ба ҳам кашида гуфт:-Худат медонӣ, бачам.
Ман ҳамроҳи писарам ба хонаам рафтам ва дар шоҳидии фарзандонам аз занам пурсидам, “фоҳиша буданатро истоб кардам, акнун гӯй, чӣ қадар қарздор ҳастию пулҳои фиристодаи маро ба куҷо сарф кардӣ?” Пули фиристодаи шуморо гум кардаму аз бонкҳо панҷоҳ ҳазор доллар қарздорам…
Ман ба фарзандонам гуфтам, ки ман ба хотири шумо дар хона мемонам, бигзор мардум фикр кунанд ману модарат ҷудо нашудаем. Вале қарзҳои барои кайфу сафояш бо Расои бинӣ кардаашро худаш ёфта супорад. Баъд он тарафашро мебинем…
Писарам ба хотири додани қарзҳои модараш донишгоҳро партофта, ба Русия рафт. Аз хешу табор касе бо ман гап намезанд, ҳатто додарам, чанде пеш бо фармони додарам занаш даричаи ба сӯйи хонаи мо кушодаро хиштдевор кард. Танҳо мӯйсафеди падарам, ки баъди ҳодисаи ба сари ман омада бемору дамдузд шудааст, ба ман рӯйи хуш медиҳаду халос. Ман бо зани беномусам, ки қадри маро миёни мардум ба хоки сияҳ баробар кард, умуман гап намезанам, ҳарчанд ӯ борҳо худашро пеши поям партофта бахшиш пурсид. Ӯ шарм надошта мегӯяд, ки “касе ба ҷуз аз хешу табор сирри моро намедонад, биё оштӣ кунем…” Падарам мегӯяд, ки хонаву дарро ба зану писарат бахшида, худат кор карда аз сари нав, бигузор дар ҷойи дигар хона бунёд намуда, зан бигир, аммо ман сари калобаамро гум кардааму аз дунё чизе намехоҳам ё намедонам чӣ мехоҳам.
Ҳарчанд духтараму писарам назди зани амакашон рафта, аз ӯ хостанд, ки сири ҳаромии модарашонро ба касе нагӯяд ва зани додарам ҳам қасам хӯрдааст, ҳарчанд онҳо пояшонро ба як мӯза тиқонда мегӯянд, ки касе ҷуз хешу табор ин сири нангинро намедонанд…. Аммо эҳсос мекунам, ки ҳама медонанд…
Аз ин ҳодиса шаш моҳ сипарӣ шудааст, дилам дард мекунад, медонам, ки дили бечораам аз соҳибаш дида баномустар асту ин бори нангро кашида натавониста истодааст. Шояд марги мани даюс қариб омадааст, ки шабҳо модарамро хоб мебинам. Ӯ маро ба сӯйи хеш мехонад, мегиряду маро бо худ бурданӣ мешавад. Худованд ҳеҷ касро ба рӯзи ман гирифтор накунад. Қиссаи зиндагиямро шояд барои он расонаӣ кардан мехоҳам, ки ба занони дигар дарси ибрат шавад. А., вилояти Хатлон
Таснифи Рухсора Саид