Бо гузаштани муҳлати ҳамл Руқия бароям духтараке ҳадя намуд, ки чун себи дукафон ба модари раҳматиям монанд буд.
Ман ба ӯ номи модарамро мондам, ба хотири Садафмоҳам розӣ будам, ки Руқияро болои сар бардорам. Акнун ман рӯзона дар мактаб муаллимӣ мекардаму шабона дар сохтмонҳои мардум заҳмат мекашидам, то зану фарзандам зиндагии шоҳона дошта бошанд. Зани ман деҳотӣ бошад ҳам, на нон мебасту на гову мол нигоҳ мекард, хӯрокҳояш ҳам зудпазу осонтайёркун буданд, аммо ман чизе намегуфтам. Баъд аз яксола шудани Садафмоҳ Руқия писар таваллуд карду меҳрам нисбат ба ӯ чандин маротиба афзуд. Акнун баъзе шабҳо пинҳонӣ аз чашми ҳаққу ҳамсоя либос мешустаму хонаву дарро низ тамиз мекардам, занам ба зӯр ду фарзандашро ӯҳда мекард.
Чун ба зиндагии додарам менигаристам, ҳавасам мерафт, додарам ҳар сол шаш моҳ дар Русия буд, вале занаш дар деҳа истода, баробари ӯ пул меёфт. Ӯ аз пулҳои фиристодаи шавҳараш чанд гӯсола мехариду онҳоро мепоид, боз маҳсулоти зиёдатии замину боғашро мефурӯхт. Зани боақл, ки буд, сариштаи зиндагиро ёфта буд. Ҳавлии мо бар ба бар буданду ман мушоҳида карда медидам, ки келинамон мӯрвор заҳмат мекашад, аз зани ман даҳ сол хурд бошад ҳам, писаракашро чун як модари таҷрибадор нигоҳубин мекард. Вале занамро бо ҳама камбудиҳояш дӯст медоштам ва ҳурмат мекардам, худам дар аёми ширинии умрам ғами бемодарӣ дида будаму мехостам фарзандонам аз муҳаббати падару модарӣ ба серӣ бархурдор бошанд. Беҳуда нагуфтаанд, то як мижжа мезанӣ, ки умр мегузарад. Бо гузашти солҳо занам сарфакору ҳунарманд нашуда бошад ҳам, баробари ман дар мактаб кор мекарду маошашро сарфи худаш менамуд. Дигар зиндагӣ дар гардани ман буд, кори бисёр мекардам, ғайри муаллимӣ дар сохтмони хонаи мардум ширкат доштаму боз аз боғу роғ, замини наздиҳавлигию президентиам ҳам хуб истифода мекардам.
Фарзандонам мактабро хатм намуданд, духтарам майли идомаи таҳсил накард, писарамро бошад, ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил намудем. Баъдтар фаҳмидам, ки Садафмоҳи мо бо як ҷавон аз маркази ноҳия паймони муҳаббат доштаасту хостгорони ин ҷавонро бо хушнудӣ қабул намуда, онҳоро хонадор намудем.
Бояд бигӯям, ки ҳамсарам панҷ тағо дораду онҳо ҳама дар вазифаҳои масъул кор мекунанд. Яке милиса, дигаре раиси ҷамоат ва ғайра… Дар сояи давлати тағоҳои вазифадораш ӯ на қонуни танзимро тан медиҳаду на чизи дигаро. Чӣ хеле дилаш хост, пинҳонию рушод барои духтарамон ҷиҳози бисёре омода намуд, баъдтар фаҳмидам, ки ба хонаводаи домоди камбизоатамон низ пул додааст то тӯяшонро гузаронанд. Мо қарздор шудем ва ман бо ҳамсарам маслиҳат карда, ба мусофират рӯ овардам…
Ба назди додарам омадаму ошноҳои руси пешинаамро занг зада, кор пурсидам ва баъди як ҳафта кори хубу сердаромаде ёфтам. Дар ду моҳи кориям ҳама қарзҳоямонро кандем. Бо ҳамсарам маслиҳат карда гуфтам, ки “акнун ту маошатро сарфи зиндагӣ намуда, пулҳои фиристодаи маро ҷамъ намо, то дар пойтахт як хонаи як ё ду ҳуҷрагӣ харем”. Ин кори ман ҳам барои амалӣ намудани орзуи занам буд, зеро ӯ ҳамеша орзуи дар Душанбе хона доштанро мекард, вагарана ҳавлию дар, боғу роғи боҳашаммати мо барои як писарамон басандаю зиёдатӣ буд.
Ҳамин тавр, як солу шаш моҳ дар Маскав будам, писарам низ се моҳи таътили тобистонаашро назди ман гузаронид ва бо ҳисоби худам пули як хонаи дуҳуҷрагиро бо ҷиҳозаш ба занам фиристода будам. Дар сохтмони ҳавлии як сарватманди рус ман бригадир будаму зери дастам понздаҳ нафари дигар кор мекарданд, барои ба итмом расидани корам се моҳи дигар монда бошад ҳам, падари бечораам занг зада мегуфтанд, ки писарам баргард. Ман намедонистам, барои чӣ падарам қариб бо гиря аз ман хоҳиши баргаштан мекунад, чун аз занам сабаб мепурсидам мегуфт, ки “ҳеҷ чизро намедонам, падарат асп барин боқувват асту ягон мушкил нест…” Оқибат як рӯз падарам гуфт, ки бачам занат аз рӯйи шунидам аз бонкҳо маблағи зиёд қарздор асту боз… хулоса, гап-гапи бисёр… Ман аз шунидани ин гапҳо дар ҳайрат афтидам, ки чӣ гуна зани ман метавонад қарздор бошад?! Ба корфармоям гуфтам, ки падарам касали вазнин асту ман бояд ба ватан баргардам, корамро ба як зердастам супорида, ба касе чизе нагуфта ба ватан баргаштам. Дилам баъди сӯҳбат бо падарам сип-сиёҳ буд ва намехостам касеро аз рафтанам огаҳ кунам, ҳатто додарамро низ нагуфтам, ки хона меравам. Ба хаёлам додарам низ чизеро медонисту ба ман гуфта наметавонист. Зеро дар ҳар вохӯриямон мегуфт, ки “ака, як хона рафта биёед”. Дар Душанбе ҳатто писарамро надида, таксиеро киро карда нимашабӣ ба зодгоҳам равон шудам…
Давом дорад