Sebiston new 2024 october
Вақте мард мегиряд Қисми 1
1742

Як шиносам занг зада гуфт, ки марде аз як ноҳияи дурдасти ҷумҳурӣ мехоҳад шуморо бинад, гап доштааст. Рақами телефони он мардро ҳам дод, аммо ман пушти ташвишҳои зиндагӣ аз хотирам баромад. Пас аз шаш моҳи гуфтугӯямон бо он шинос марде дар мессенҷерам аҳвол пурсид ва гуфт:

-Апаҷон, ман дар Душанбе ҳастам ва зиёд мехоҳам шуморо бинам.

Садояш ким-чӣ хел гиряолуд буд. Ростӣ, ман ба арзи дил гуфтани занҳо одат кардаам, вале вақте мард мехоҳад қиссаи зиндагияш расонаӣ шавад…

Бо Аҳлиддин (номи шартӣ) дар як қаҳвахона вохӯрдем, ӯ натавонист суханҳои дилашро ба ман бигӯяд, оби чашм рӯяшро мешуст ва дафтари сиёҳеро сӯям дароз карда, хайру хуш карда рафт. Ман дар хона дар дили шаб дафтари ӯро варақ задам ва ин қисса бе обу ранги зиёдатӣ рӯи коғаз омад.

Хушиҳои зиндагии ман замоне ба охир расиданд, ки модари нозанину ҷавонам, дар синни сивуҳаштсолагиаш дунёро бар асари саратони қаттоли мағзи сар падруд гуфт. Он замон нав донишгоҳро хатм карда, дар мактаби деҳаамон муаллимӣ мекардам. Модарам зиёд мехост сари маро ҷуфт карда, армон шиканад, вале марг имконаш надод. Пас аз марги модар бо ихтиёри худ ба хизмати аскарӣ рафтам. Давоми ду соли хизмат то як дараҷа тафси дард дар дили хуншорам пас гашт, ба хона расидаму ҷойи модарам зани дигарро дида, боз захми дилам сӯзон гашт…

Мо аз модар чор нафар монда будем, апаҳоям шавҳар доштанд, ман аллакай ба камол расида будаму додарам бошад, дар Русия мардикор буд. Медонистам, ки бо модари угай, ки аллакай писар таваллуд карда буд, зери як бом зиста наметавонем ва дафтару китоби муаллимиямро як тараф гузошта, ман ҳам мардикор шудам. Дар як муддати кӯтоҳ бо додарам якҷоя шуда, дар як гӯшаи деҳа ду замини наздиҳавлигӣ харидем, аввал барои худам, баъд барои додарам хона сохтем. Мехостам ҳарду якҷоя оиладор шавем, вале додарам нахост. Моиндару падарам сару бар шуда, духтари хушкардаамро бароям хостгорӣ рафтанд. Ҳарчанд апаҳою аммаҳо, падару моиндарам ин арӯсро намехостанд, вале ман худам Руқияро дӯст медоштам. Бо ӯ чанд сол дар мактаб як ҷо кор карда, ба ҳам аҳди муҳаббат баста будем, ин духтараки зардинаи қоматбаланд, он қадар соҳибҷамол набошад ҳам, диламро бурда буд. Арӯсро ба хонаи падарӣ фаровардам ва чиллаи арӯсиямонро дар ҳамин ҷо гузаронидем. Руқия субҳ дер аз хоб хеста, саросема ноштои тайёрнамудаи моиндарамро хӯрда, ба кор мешитофт ва бегоҳ ба хона бармегашт, ӯ дасташро ба кори хона намезад. Як шом нохост сӯҳбати моиндару падарамро шунидам, моиндарам ба падарам мегуфт:

-Мардак, ман барои писари ту душман менамоям, аммо намедонам ҳоли ӯ бо ин арӯси хушкардааш чӣ мешавад…

Падарам гапи занашро бурида, бо зарда гуфт, ки ҳоло хонаи худашон раванд, бало мешаванд. Ман ба ҷойи андеша кардан, зани падарамро дар дил мазаммат кардам, ки зани маро чашми дидан надорад. Як ҳафта баъди ин гуфтугӯ ба хонаи навамон кӯчидем…

Руқия акнун худаш шоҳ буду таъбаш вазир, дар хонаи худамон субҳона низ картошкабирёну тухмбирён буду ғизои нисфирӯзию шом низ. Ҳамсарам он қадар беҳунару чалфас буд, ки ногуфтанӣ, апаҳоям ба хона омада, ӯро насиҳат мекарданд, вале бефоида. Бо гузашти чанд моҳ Руқия ҳомиладор шуду аз ҳамон картошкаю тухм низ мондем, акнун дилам мешӯрад гӯён, хӯрок намепухт. Ман бо ролтону ҳасибу ҳасибча қаноат намуда, ба занам каҷ наменигаристам, охир ӯ интизори фарзанд буд. Дар ин миён додарамро зан додем, арӯс як хеши дури худамон духтари порсою намозхон ва панҷ панҷааш ҳунар буд. Акнун ман гоҳ-гоҳе рӯйи хӯроки бомаззаро медидам ва баъдҳо маҳсулоташро харидаву бурда, манту, тушбера, оши туппа ё оши палав мефармудам. Руқия ба ҷойи шарм доштан ҳамроҳи ман ба хонаи додарам рафта, дулунҷа аз хӯрокҳои пӯхтаи арӯсаки нав, ки аз ӯ даҳ-дувоздаҳ сол хурд буд, нӯши ҷон мекард.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД