Arzon march 2024
Вақте келинро одам ҳисоб намекунанд...
18.08.2024
ОИЛА.ТҶ
1983

Аз зиндагии ману шавҳарам беш аз 15 сол сипарӣ шуда, соҳиби фарзандон ҳастем. Мушкилӣ дар он аст, ки шавҳарам ва наздиконаш маро одам ҳисоб намекунанд. Ман барои шавҳарам ягон зарра қадру қимат надорам, сари ҳар қадам маро дашному таҳқир мекунад. Пештар ба ҳамааш сабр мекардам, вале дигар наметавонам. То охири умр чунин зистан намехоҳам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Хонандаи Oila.tj

Ба саволи хонандаамон нафарони зиёде маслиҳат дода, нуқтаи назари худро баён намуданд, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

 

Зарина:

- Мутаассифона, занҳои зиёде чунин рӯзу рӯзгор доранд. Шумо ба шарте нисбати чунин муомилаи шавҳаратон ва пайвандони ӯ эътироз карда метавонед, ки волидону наздиконатон шуморо дастгирӣ намоянд. Дар акси ҳол танҳо сабр кунед, ягон амали бад бе подош намемонад.

Нозанин:

- Ман шуморо хеле хуб дарк мекунам, чунки худам 20 сол боз дар чунин ҳолат қарор дорам. Бовар кунед, шавҳаратон ҳеҷ гоҳ ислоҳ намешавад, ман инро аз таҷрибаи шахсии худам мегӯям. Ман чандин сол аст, ки бо наздикони шавҳарам робита надорам, дигар ба касе имкон намедиҳам, ки маро таги по кунанд.

Нисо:

- Аввалаш ин ки вақте инсон худашро дӯст намедорад, дигарон ҳам ӯро одам ҳисоб намекунанд. Шумо барои худатон якаву ягонаед, барои фарзандон азиз ҳастед. Баъдан бояд сабаби асосии чунин муомилаи шавҳар ва пайвандони ӯро аниқ намоед. Кадом кори шумо шавҳаратонро асабӣ мекунад? Шояд шумо бо ягон кор ё амалатон ӯро ба ғазаб меоред? Ё гапҳое мегӯед, ки ба ӯ писанд нест? Агар чунин бошад, беҳтараш худатон ислоҳ шавед. Шавҳаратон хоҳиши бо шумо гап задан надошта бошад, хиррагӣ накунед. Бо фарзандон машғул шавед, ба сару либоси худ диққат диҳед.

Маҳина:

- Шояд шавҳари шумо чунин муносибатро дар оилаашон нисбати модараш дида бошаду барояш чунин зиндагӣ қобили қабул бошад. Ҳол он ки Худованд дар сураи Нисо, ояти 19 мегӯяд: “Ба занҳои худ муомилаи хуб дошта бошед. Дар рафтор, гуфтор ва муомилаҳои дигар ҳамеша мувозиби муносибатҳои худ бошед. Агар чизи баде дар завҷаатон мушоҳида кардед, сабр пеша кунед. Дарҳол фикри талоқро накунед, баръакс, хубиҳои дигари ҳамсаратонро ба ёд оред. Шояд шумо ба хотири чизе ҳамсаратонро бад мебинед, аммо бехабар аз он, ки Аллоҳ хайроти зиёдеро ба сабаби онҳо мисли фарзандҳои солеҳ ва ё ризқи васеъ бароятон насиб кардааст.

Диана:

- Шавҳари шумо ҷоҳил аст, шумораи чунин мардон хеле зиёданд. Аксарияташон хонагирёну кӯчахандон ҳастанду нисбати занҳои худ зулм мекунанд.

Азиза:

- Шавҳаратон ҳеҷ гоҳ ислоҳ намешавад. Феълу хуйи ба шир даромада бо ҷон мебарояд.

Омина:

- Модоме шавҳаратон бо шумо чунин муносибат мекунад, шумо ҳам ба ӯ таваҷҷуҳ накунед, бо фарзандон робитаи бештар намоед, ба худ бештар диққат диҳед. Шавҳаратон дер ё зуд пир мешавад ва навбати шумо ҳам фаро мерасад.

Малика:

- Шавҳари ман ҳамин сол тағйир ёфта, хеле асабиву дағал шуд. Ба ӯ ёдовар шудам, ки замони камбағаливу нодорияш дар паҳлӯяш ман будам. Тамоми сахтиҳои зиндагиро ҳамроҳ паси сар кардему имрӯз, ки пулдор шудааст, аз худ наравад. Баъд аз муноқишаи ман шавҳарам ислоҳ шуда, нисбати ману фарзандонам меҳрубон шудааст.

Дилдора:

- Бо чунин мард умри азизи худро қурбон намудан беақлӣ аст. Агар шавҳаратон дар давоми ин солҳо тағйир наёфта бошад, минбаъд рафтораш бадтар мешавад.

Лола:

- Аз навиштаатон бармеояд, ки шавҳаратонро наздиконаш бар зидди шумо мешӯронанд. Бо чунин марди гаправ зиндагӣ кардан хеле мушкил аст. Ба шумо сабр мехоҳам.

Нилуфар:

- Бо шавҳаратон оромона гап занед, дар танҳоӣ сабаби чунин рафтор карданашро пурсед. Шумо бояд ин мушкилиро бартараф намоед, ба хотири фарзандонатон саломатиро эҳтиёт кунед.

Шоира:

- Ҳамааш аз калонсолони оила вобастагӣ дорад. Агар хусуру хушдоман одамони бофарҳанг бошанд, ҳеҷ гоҳ имкон намедиҳанд, ки фарзандашон нисбати келин чунин рафтор намояд. Баъдан аз келин ҳам бисёр чизҳо вобастагӣ дорад. Беҳуда намегӯянд, ки қарсак аз ду даст мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД