Саннаи 17-январ, соати 18-00 дар бинои меҳмонхонаи Ҳаятт Реҷенси маросими ҷамбасти лоиҳа-озмуни 50-нафари хушсалиқаи Тоҷикистон” баргузор гашт.
Соли панҷум аст, ки ин лоиҳа аз ҷониби Радиои Ватан гузаронида мешавад. Дар ин чорабинии пуршукӯҳ чеҳраҳои намоёни илму фарҳзанд ва санъату ҳунари тоҷик, ширкат варзида, 50 нафар шахсиятҳои шинохта, ки ба халқу Ватан хизматҳои шоён кардаанд, бо дипломи ғолиби змуни “50 нафари хушсалиқа” қадрдонӣ карда шуданд. Дар қатори ғолибони озмун ҳунармандони машҳури тоҷик аз қабили Қиёмиддин Чакалов, Ҳабибулло Абдрузақов, Мавлона Наҷмиддинова, Ҳошим Гадоев, варзишгарони номдор Лоиқ Раҷабов ва Иқбол Тошев буданд, ки ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор мераванд. Хабарнигори сомонаи Оила Шабнам Тоҳирӣ бо чанде аз меҳмонону ғолибони озмун ҳамсӯҳбат гашта, таассроташонро аз ин чорабинии бошукӯҳ пурсон шуд.