Arzon march 2024
Васвос шудаам
1666

 

Салом ба сомонаи дӯстдоштаам – “Оила” ва хонандагони фаъоли он. Ман як зани оилаву фарзанддорам, аммо ба дарди васвос гирифтор шудаам

Аз рӯзе, ки чунин шудаам, дар назарам, ки ҳама маро ғайбат мекунанду бо ангушт ба сӯи ман ишора месозанд. Дар берун гашта наметавонам. Ҳама наздикон, ҳатто фарзандонам дар назарам бад метобанд.

 Гоҳо мехоҳам, ки худро дар таги ягон мошин партоям ё ба дор овезам, то халос шавам, зеро ҳар рӯз бо шавҳарам бе ягон сабаб ҷанг мекунам.

Бо ҳамкорону ҳамсояҳо чанд вақти охир мисли сагу гурбаем. Ҳар як суханашон дар назарам ҳақорат ба ман метобад. Умуман, аз як зани ором ба саги газанда табдил ёфтаам. Худам боз диабети қанд дорам ва дилам аз дунё ях шудааст.

Шукр, ки ҳама чиз дар зиндагиам мерасад, аммо васвос зистанам намемонад. Маслиҳат диҳед, ки чӣ кор кунам.

Азиза, н. Нуробод

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД