Arzon march 2024
ВАСВАСАИ ШАЙТОН ПАДАРРО БА ЗИНДОНУ ДУХТАРРО ШАРМАНДА КАРД (ҚИСМИ 3)
02.10.2020
ОИЛА
9324

(Давомаш)

Шаб. Деҳа ором. Ҳама масти хобанд. Умедаро хоб намебурд. Амалҳои нангини падарро пеши назар оварда, фикр мекард, ки дигар сарашро бардошта наметавонад. Хастагӣ ғолиб омад ва чашмонаш пӯшида шуданд. Хобҳои даҳшатнок дид.

Як замон ба худ омада, гармиеро дар баданаш эҳсос кард. Вақте дурусттар нигарист, дид, ки падари бераҳмаш дар ҷойи хоб бо ӯ ҳамхобагӣ дорад. Ин дафъа ҷонаш ба нӯги биниаш расид. Қарор дод, ки субҳи барвақт рост ба идораи полис меравад ва аз болои падараш шикоят мекунад.

Бозии мушу гурба

Асомиддин хатчаро оварда, ба падараш дод. Баробари хондани мактуб рангу рӯи Саидҷалол парид ва ба писараш пул дод, ки дарҳол рафта, хоҳарашро биёрад. Дар дилаш хавф дошт, ки сираш фош мешаваду худаш шарманда. Асомиддин ба хонаи бобояш омад ва манзараеро дид, ки интизор набуд. Холаву тағо ва зани тағои калонаш беист мегиристанд. Тағояш баробари дидани бача шаппотие ба пушти сараш зад, ки ӯ хоҳарашро нигоҳ накардааст ва аз ҳамин сабаб, падараш ӯро истифода намудааст.

Асомиддин матлабашро арз кард, вале тағояш нахост, ки духтар бо ӯ равад. Ӯ тасмим гирифт, ки Саидҷалолро фиреб медиҳанду Умедаро ба полис мефиристанд. Ҳамин тавр, онҳо ба бача фаҳмониданд, ки рафта, манзараро ба падараш дигаргуна тасвир кунад. Асомиддин бо сари хам ба хона баргашт. Саидҷалол аз қаҳру ғазаби зиёд мисли мурғи посӯхта ба чор тараф давида, бештар дар изтироб мешуд. Аз дар даромадани писарашро дида, тирвор ба наздаш расид ва канда–канда савол дод, ки хоҳараш куҷост.

Асомиддин дид, ки падараш мисли барги бед меларзад. Рангу рӯи ӯ аз ваҷоҳату ҳаяҷони зиёд каб–кабуд шуда буд. Бача он чизеро, ки аз тағояш шуниду бояд ба падараш мерасонд, ба Саидҷалол нақл кард. Бо таъкиди тағояш, Асомиддин манзараи хонаи бобояшро дигаргуна тасвир кард. Бино ба нақли ӯ хоҳараш хоб буду тағояш ҳезум мешикаст ва янгаву холааш хӯрок мепухтанд. Дили Саидҷалол тоқат накарду худаш аз ҷой хест ва барои рафтан омода шуд. Ҳамин вақт телефонаш занг заду овози тағои Умеда баланд шуд. Ӯ аз язнааш талаб мекард, ки барои овардани духтараш наравад, ҳозир худашон Умедаву хоҳарашро мефиристанд, вале ...

Сирри фошшуда

Умеда аз хонаи бобояш рост ба идораи милитсия рафт ва арзашро нақл кард. Кормандони мақомот баъди гирифтани аризаи ӯ барои овардани падараш рафтанд. Дар ин вақт Асомиддин бо падараш дар хона буданд. Милисаҳо омада, ӯро гирифта бурданд.

Наргис Абдуҳалимова дар мактабе, ки Умеда таҳсил мекунад, ҷонишини директор оид ба таълим аст ва ҳамон рӯз шогирдашро ҳамроҳӣ мекард. Наргис дар кор буд, ки раиси маҳалла занг зада, ӯро ба идораи полис даъват кард. Муаллима ҳайрон мемонад, ки чӣ иттифоқ рӯй дода бошад ва ба идораи корҳои дохилӣ меояд.

“Вақте ба идораи мазкур даромадам, шогирдамро дидам, ки бо хоҳараш менишаст. Тарсидам, ки чӣ гап шуда бошад. Сардор фаҳмонд, ки шогирдам аз рӯи падараш даъво дорад. Ба гуфти Умеда падараш ӯро таҷовуз мекардааст. Баъди чанд лаҳза падарашро оварданд ва моро барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ–судӣ ба шаҳри Бохтар фиристоданд. Ташхис даъвои духтарро дақиқ кард, вале боз барои ташхиси иловагӣ ба ҷойи дигар рафтем. Ташхиси навбатӣ ҳам тасдиқ кард, ки пардаи бакорати Умеда солим аст, вале дар маъқадаш нишонаҳои таҷовуз мавҷуданд”, - гуфт муаллима.

Ҳамин тавр, Саидҷалол дар аввал гуноҳашро эътироф накард, вале баъди суҳбат бо духтараш иқрор шуд, ки воқеан духтарашро истифода мебурдааст. Ҳамин тавр, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ кушода, тафтишот идома дорад.

Хонавода чӣ мегӯянд?

Вақте хабари ба полис бурдани Саидҷалол дар деҳа паҳн шуд, бародаронаш ба хонааш омаданд. Барои фаҳмидани асли қазия мо бо онҳо суҳбат кардем. Ба саволи он, ки “Саидҷалол чӣ гуна шахс буд?” ҷавоби ҳамаи аҳли оилааш мусбат садо медод. “Одами хуб ва безарар буд. Фарзандонашро нағз тарбия мекард”,-мегӯянд бародаронаш Саидаҳмад ва Зиёвуддин. Нуралӣ Девлохов дар ҳамсоягии Саидҷалол зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳам муътақид аст, ки ҳамсояаш марди ором буд ва бо дигар ҳамсояҳо рафтуомади хуб дошт. Зикрулло Назаралиев, раиси ҷамоати Озодагон ҳам ин гуфтаи ҳамсоя ва бародарони гумонбарро тасдиқ кард.

Саидаъзам Камолов–раиси маҳаллаи Отчапар, ки ин воқеаи нангин маҳз дар ҳамин мавзеъ рух додааст, устои хуб будани Саидҷалолро қайд намуд. Ба гуфти раиси маҳалла, мард баъди аз маҳбас баромадан дамдузд ва одамгурез шуда, ба кӯча кам мебаромад. Худи раис чанд бор барои аҳволпурсӣ ба хонаи ӯ омадааст, вале дарро ба рӯяш касе накушодааст.

Кӯр асояшро чанд бор гум мекунад?

Саидҷалол ба маводи нашъаовар дил баста, қарздор шуд. Азбаски ин марди танпарвар дар ягон ҷо кор намекард, имкони баргардонидани қарзҳои гирифтаашро надошт. Билохира, кораш ба суд афтида, зиндонӣ шуд. Ҳусноро тамоми зару зеварашро фурӯхта, ҳамсарашро аз маҳбас озод кард ва ба хотири кандани қарзҳои шавҳари наркоманаш роҳи мулки русро пеш гирифт. Ин зани бечора дар Русия бо сад ранҷу азоб меҳнат карда, тамоми маблағи ёфтаашро ба хона мефиристод, то фарзандонаш азоб накашанд, аммо...

Ба ҷойи “Худоро шукр” гуфтан шавҳари номарду беномусаш даст ба амали нангине зад, ки забони кас ба гуфтанаш намегардад. Саидҷалол мисли даррандаи ваҳшие, ки пайти муносиб меҷӯяд, аз набудани ҳамсараш истифода бурда, муддати чаҳор моҳ духтари 16-солааш Умедаро бераҳмона таҷовуз мекард. Азбаски ин марди ҷаллод ҳамеша зану фарзандонашро бо мушту лагад “адаб” медод, дар оғоз Умеда аз тарси падари ҷоҳилаш ин сирри нангинро аз ҳама пинҳон медошт, вале билохира, ҳақиқат рӯйи об баромад.

Ҳусноро вақте шунид, ки шавҳари худобехабараш ба номуси духтараш дастдарозӣ кардааст, ӯро гӯё барқ зад. Ин зани ҷафокашида дар тӯли беш аз 20 соли зиндагӣ бо Саидҷалол ранҷу азоб ва фоҷиаҳои зиёдеро аз сар гузаронида буд, вале ин хабари нангин барояш бузургтарин фоҷиа гашт, зеро ин марди шайтонсират бо амали ваҳшиёнааш на танҳо ҳаёти духтари ноболиғашро барбод дод, балки номи неки тамоми аҳли авлодашро доғдор кард.

Таҳсили духтар чӣ мешавад?

Каромат Шарипова, директори МТМУ №27 ба номи Давлат Олимови ҷамоати деҳоти Озодагон аст. Ӯ мегӯяд, ки вақте аз ҳодиса бохабар гашт, ҳуш аз сараш парид, зеро Умеда шогирди фаъоли мактаб ва сардори синф буд. Инчунин, духтар аз фанни таърих дар озмуну олимпиадаҳо ширкат мекарду шарафи мактабро дар ҷамоат, ноҳия ва вилоят баланд мебардошт.

Вақте аз муаллима пурсидем, ки Умеда метавонад минбаъд ба таҳсил фаро гирифта шавад, ӯ дар ҷавоб гуфт, ки дар ҳоли баргаштанаш, омода аст ба ӯ ҳам аз нигоҳи равонӣ ва ҳам маърифатию ҳуқуқӣ кӯмаки худро расонад, то ин ки духтарак соҳиби маълумот шаваду дар зиндагии оянда азият накашад. Худи Умеда дигар завқи таҳсил надорад. Ӯ аз хурдӣ мехост, ки ҳамшира шаваду ба дардмандон кӯмак расонад, аммо ин ҳодисаи нангин тамоми орзуҳояшро барбод дод. Духтар акнун мехоҳад дӯзандагӣ ё пешаи дигари кӯтоҳмуддатеро аз худ кунаду ба он машғул шавад.

Умеда зарбаи сахти рӯҳиро аз сар гузаронидааст ва ниёз ба дастгирии маънавию кӯмаки равонӣ дорад. Умедворем, ки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, кормандони идораи ҷамоат, омӯзгорон, равоншиносон ва дигар афроди масъул ин духтараки ноболиғи мавриди зӯроварии шаҳвонӣ қароргирифтаро бо дардҳояш танҳо намегузоранд ва дар пушти сар кардани ин фоҷиа барояш ёрӣ мерасонанд.

Саидҷалолро бошад, ҷазои сангине дар пеш аст. Ин даррандаи дупо бо кирдори разилонааш номи неки падарро доғдор кард ва акнун ҳосили талхи амали нангинашро дар пушти панҷараи зиндон хоҳад чашид...

Мирсаид САТТОРИЁН,

Бахтовар САФАРОВ,

Шабнам ТОҲИРЗОДА

Душанбе – Бохтар – Панҷ – Ҷайҳун – Бохтар – Душанбе

 

P.S: Ҳайати эҷодии СОМОНАИ ОИЛА ТЧ қазияи мазкурро пайгирӣ намуда, шуморо аз ҳукми суд нисбат ба ин падари разил огоҳ месозад. Навори видеоии матлабро метавонед дар ютуб–канали “Oila.tj” тамошо кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД