Ҳисси раҳму шафқат ва одаму одамгарӣ сол то сол камтар шуда, ҷойи онро дар ҷомеаи муосир кинаву адоват, худхоҳию худпарастӣ ва ишқи пулу мол мегирад.
Далели равшани ин гуфтаҳо ҳодисаи гӯшношуниде мебошад, ки дар шаҳри Ваҳдат ба вуқуъ пайвастааст.
Як марди 65-солаи сокини ҷамоати деҳоти Нӯъмон Розиқ ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат муроҷиат намуда, аз рӯйи наберааш шикоят кардааст. Ба қавли ин марди солманд рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ набераи ноболиғи 16-солааш ӯро бераҳмона лату кӯб намуда, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Айни замон тафтишт аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.