Духтареро дӯст доштам. Чунон дӯст доштамаш, ки ногуфтанист. Ишқ қувваи бузурге доштааст. Аз як танбал ба шахси чаққон табдил ёфтам. Корҳои фармудаи волидонамро зуд иҷро карда, сӯи кӯча метохтам. Сари кӯчаро ҷои муқаддас меҳисобидам. Каъбаи ман он ҷо буд. Танҳо дар сари кӯча ишқамро бо тасодуф аз дурӣ боре дида метавонистам.
Бо шавқ шабҳо китобҳои ошиқӣ мехондам. Бо дӯстон шӯхӣ мекардам.
Мехостам, ки дӯстонам бо ман танҳо дар бораи дӯстдоштаам сухан гӯянд.
Мехостам, ки ӯ аз дарди ишқи ман бохабар шавад.
Мехостам, ки доимо ӯро бубинам.
Мехостам, ки барояш шеърҳои ошиқӣ бихонам.
Мехостам боре сӯям нигарад.
Мехостам боре сӯям табассум кунад.
Хостаҳои зиёде… аммо боре натавонистам ба сӯяш сухане гӯям. Забонам лол мешуду барои баромадан аз ҳолати ногувор худро аз ӯ дур мегирифтам. Пас аз хатми мактаб намехостам ба шаҳр барои давом додани таҳсил равам. Тарсам он буд, ки аз ӯ дур мешаваму дурӣ гаронам меафтад…
Аммо муваффақ шуд боре ба танҳоӣ ёбамаш. Ҳамсӯҳбат шудем. Аз мушкилтарин имтиҳони ҳаёт гузаштам. Барояш изҳори муҳаббат кардаму фаҳмидам, ки ӯ ҳам маро дӯст медоштааст. Ӯ маро маслиҳати давом додани хонданро дод ва ваъда кард, ки интизор мешавад. Аниқтараш соли оянда ӯ ҳам пас аз хатми мактаб ба шаҳр барои давом додани хондан меравад.
-Ваъда медиҳӣ?
-Ваъда медиҳам…
Умед, орзу, ниятҳо, нақшаҳои зиёду гуногуне. Вақти таътил ба деҳа рафта, ӯро дида натавонистам. Фаҳмидам, ки холаи беморашро дар деҳаи дигар рафта, нигоҳубин мекардааст. Як соли дароз ӯро интизор шудам. Надидам ҷилваи духтареро. Зебогии дигареро. Дар пеши назарам танҳо ӯ буду халос.
Сол ба охир расид. Баҳона ёфтаму ба деҳа нарафтам. Умедвор будам, ки ба шаҳр меояд. Интизор шудам…
Аммо хабаре омад: ӯро ба деҳаи ҳамсоя ба шавҳар доданд…
Дар хонаи иҷора танҳо будаму се шабонарӯз берун набаромадам. Ман будаму дунёи алам. Дунёи ғам. Дунёи тагурӯшуда. Дунёи танҳоӣ. Дунёи умеди барбодрафта, ҳатто фикри худкушӣ низ аз сарам гузашт. Гирди ин амал тоб мехӯрдам. Нақшаи чӣ сон иҷро карданро мекашидам. Лек сабабе шуду ба худ омадам. Бо вуҷуди нобарорӣ худро ба даст гирифтам. Аниқтараш сухани кӯдаке маро ба дунёи худӣ овард.
Ду ҳуҷрае, ки мо донишҷӯён ба иҷора гирифта будем, дар як тарафи кунҷи ҳавлӣ ҷой дошт. Якчанд хонаи дигар дар тарафи дигари ҳавлӣ буданду дар он ҷо соҳибхона танҳо зиндагонӣ мекард.
Рӯзи севвуми мотами ман буду ба гӯшам овози кӯдакон расид. Фаҳмидам, ки наберагони соҳибхоназан ба меҳмонӣ омадаанд. Онҳо тез-тез бибиашонро хабар гирифта меистоданд.
Садоҳо наздиктар шуду чӣ гуфтани кӯдаконро шунидам. Яке мегуфт:
-Имрӯз дадаам барои ман мошинча меорад.
-Ба ман медиҳӣ, ки бозӣ кунам?
-Ҳо, ту дада надорӣ, ки бароят мошинча харад. Як мошинча барои ҳардуямон бас…
Яке ба сарам фикре зад. Ман, агар худкушӣ кунам, ҳоли падару модарам чӣ мешавад? Ман фарзанди мардинаи ягонаи онҳоям.
Тамом! Худро ба даст гирифтам. Рӯзи дигар ба деҳа рафтам. Волидонам аз омадани ман басо шод буданд. Хоҳараконам аз гирдам дур намерафтанд. Шодии онҳоро дида, тамоми ғуссаҳоям фаромӯш шуданд. Ҳарчанд ҷои захми дил соз нашуда бошад ҳам, ҳолати рӯҳиам дигар шуд. Ақидаҳоям дигар шуданд. Дигар ба сари кӯча надавидам. Медонистам, ки Каъбаи ман вайрон гашта…
Таътил тамом шуду боз ба шаҳр баргаштам.
Се моҳ баъд тасодуфан ӯро дар шаҳр дидам. Худаш танҳо буд. Ҳамсӯҳбат шудем. Шавҳараш донишҷӯ будаасту ӯро низ ҳамроҳ ба шаҳр овардааст. Волидони домод шахсони доро будаанду барои онҳо ҳавлиеро харида додаанд. Узр пурсид. Гуноҳро ба сари волидонаш бор кард. Фаҳмидам, ки ҳавлии харидаи онҳо дар ҳамсоягии ҳавлии иҷорагирифтаи мост.
Гуфтамаш:- Ман туро бахшидаам. Ту гунаҳгор нестӣ. Волидонатро низ айбдор макун. Онҳо хушбахтии туро мехоҳанд. Ман мехоҳам, ки ту хушбахт бошӣ… Ӯ дар ҷавоб гуфт:
-Мехоҳам бо ту вохӯрам…
-Ман ҳам мехоҳам бо ту вохӯрам…
-Пагоҳ…
-Пагоҳ…
-Ваъда медиҳӣ?
-Ваъда медиҳам…
Ман ваъда кардам. Ин бор ваъдадиҳӣ навбати ман буд.
Аммо пагоҳ нашуд. Пагоҳ шуд, аммо вохӯрии мо нашуд. Пагоҳ ман ба ҷои ваъдагӣ наомадам. Худи ҳамон рӯз хонаи иҷораро иваз кардам. Чанде баъд ҷои хонданро низ иваз кардам. Донишкадаро… шаҳрро… Аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хуҷанд рафтам…
Солҳо гузаштанд. Бо вуҷуди ҳамдеҳа буданамон дигар ӯро надидам. Вале шунидам, ки бо ҳамон шавҳараш зиста, соҳиби чанд фарзанд шудаанд. Ман ҳам соҳиби зану чанд кӯдак шудам.
Ва гоҳ-гоҳ он ваъдахилофӣ ва фирори кардаи хешро ба ёд оварда, онро бобарор меҳисобам. Зери лаб аз сабабгори ишқи нокоми хеш узр мепурсам:
-Бубахш, ман хушбахтии туро мехостам…
БАҲРОМБЕК
“Кошонаи Шаҳло”