Commerce bank may-june 2026
Узнадзе сармураббии нави тими миллии ҷудои Тоҷикистон таъин гардид
08.06.2026
Oila.tj
79

Мутахассиси маъруфи гурҷӣ Ираклий Узнадзе ба ҳайси сармураббии тими миллии ҷудои Тоҷикистон таъин карда шудааст. Дар ин бора ТВ “Варзиш” хабар дод.

Узнадзе аз зумраи мураббиёни шинохта ва соҳибтаҷрибаи ҷудои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар тӯли фаъолияти касбии худ роҳбарии тимҳои миллии Гурҷистон ва Туркияро ба уҳда доштааст. Зери роҳбарии ӯ даҳҳо варзишгар дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар Бозиҳои олимпӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ва Аврупо, инчунин мусобиқаҳои бонуфузи силсилаи Grand Slam, Grand Prix ва Masters соҳиби медалҳои зиёде шудаанд.

Маҳорати баланди мураббигии Ираклий Узнадзе дар арсаи байналмилалӣ низ эътироф гардидааст. Ӯ ду маротиба аз ҷониби Иттиҳоди Аврупоии Ҷудо (EJU) ҳамчун беҳтарин мураббии ҷудои Аврупо интихоб шуда, ҳамчунин унвони беҳтарин мураббии Гурҷистонро ба даст овардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД