Дар яке аз боғҳои ҳайвоноти кишвари Австралия писарчаи 6- сола ба ҳуҷуми уқоб гирифтор шудааст. Писарак ҳангоми тамошои боғ пайваста занҷираки боронияшро болову поён мекардааст. Ба ақидаи ВАО маҳз ҳамин амалаш боиси ҳуҷуми уқоб гаштааст.
Дар пеши назари одамони зиёд уқоби тезбин ба сӯйи кӯдак парида бо чанголаш аз либоси писарча қапида, ӯро ба осмон бардоштан мехоҳад. Яке аз ҳозирин дар ҳамин лаҳзаҳо аз ҷойи ҳодиса расм гирифтааст. Вақте уқоб бо чанголаш аз либоси кӯдак дошта, кӯшиши ба ҳаво бардоштани ӯро мекунад, аз доду фиғони писарак кормандони боғ огаҳ гашта ба кӯмаки кӯдаки ба даҳшат афтида шитофта, ӯро бо як азоб аз чанголи ин паррандаи ваҳшӣ наҷот медиҳанд.