Formula novemver 2024
Ҳуқуқи падару модарӣ барқарор мешавад?
25.06.2023
ОИЛА
601

 

Барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ чӣ гуна амалӣ мешавад?

Баҳриддин, шаҳри Панҷакент.

Мувофиқи талаботи моддаи 72 Кодекси оила, ҳуқуқи падару модарӣ (яке аз онҳо) дар сурате барқарор шуда метавонад, ки агар рафтору кирдор, тарзи зиндагӣ ва муносибати онҳо нисбат ба тарбияи кӯдак ба тарафи мусбӣ тағйир ёфта бошад.

Ҳуқуқи падару модарӣ ба тартиби судӣ дар асоси аризаи падар ё модари аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгардида, бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ, инчунин прокурор барқарор карда мешавад.

Суд метавонад бо назардошти фикри кӯдак даъвои падару модарро (яке аз онҳоро) барои барқароркунии ҳуқуқи падару модарӣ рад кунад, агар он хилофи манфиатҳои кӯдак бошад.

Барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ нисбати кӯдаки ба синни даҳсолагӣ расида танҳо бо назардошти фикри ӯ мумкин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД