arzon replenishment
УРРА! БАРҚРО НАМЕКУШАНД!
1595

 

Овозаву ҳангомаҳо дар хусуси аз нав ҷорӣ шудани лимити барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон дар кишварамон боиси нигаронии мардуми тоҷик гашта, сару садоҳои зиёдеро ба миён оварда буданд. Аксари сокинони мамлакат, хоса афрде, ки дар деҳоти дурдаст зиндагӣ мекунанд, бо шунидани ин хабар сахт ба таҳлука афтиданд.

Таҷрибаи талхи солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба аҳолии деҳот дар як шабонарӯз ҳамагӣ 5-6 соат барқ дода мешуд, ҳанӯз аз ёди халқ нарафта, мардум бо нороҳатӣ байни худ пичир-пичир мекарданд: Худоё, имсол боз ҳамон чароғи керосинии бобоӣ ва шабҳои сарду тираву тор насибамон мешавад!

Бархе дар фикри захираи ангиштсанг афтиданд, иддаи дигар намедонистанд дар ин даврони душвори иқтисодӣ, ки бо касофатии бемории сироятии КОВИД-19 ҷаҳон ғуттавари бӯҳрони иқтисодӣ гаштаву роҳи муҳоҷират низ баста аст, аз куҷо барои хариди ангишт, ҳезум ва дигар маводи сӯзишвории зимистонӣ маблағ пайдо кунанд.

Хушбахтона, ҳукумати мамлакат дар хусуси ҷорӣ намудани лимит таҷдиди назар намуд.

Суҳби имрӯз ширкати “Барқи тоҷик” аз пур шудани обанбори Норак ва аз байн рафтани зарурати ҷорӣ намудани лимити барқ дар кишвар хабар додааст.

Акнун тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон метавонанд дилпур бошанд-лимит намешавад!

Шумо метавонед дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дар хонаҳои гарму нарм зиндагӣ карда, бемалол телевизор тамошо кунед, рӯзномаву маҷаллаҳоро мутолиа намоед ва аз хондани хабарҳои ҷолиб аз сомонаи Оила. ТЧ лаззат баред!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД