Хоб дидам: хусури худораҳматиамро бо набераи олами рўшан надидаам - Мубориз. Хусурам дар бар либоси сафед, бо риши зебои сиёҳу сафеди шона карда бари дилаш Мубориз – чаверааш ва набераи ормонии ман дар лаби гӯристони деҳа меистод. Нигоҳи хусурам ҷиддию маломатомез менамуд.
Мубориз бошад, дар бағали ӯ дасту почакзанон бо хандаи маҳини тифлона бо торҳои ришаш бозӣ мекард.
- Мубориз, биё, ҷони бобо! Набераи ормониам…,- бо ҳавас даст дароз кардам барояш.
Хусурам боитоб дастонамро тела дод. Аз нигоҳаш хондам, ки «садқаи Мубориз шавед ҳамаи шумо! Баъзеҳо дар доғи фарзанду набера як умр месӯзанду шумо чӣ коре буд, ки кардед! На Худоро пеши рӯ овардеду на тақдири талхи бандаашро! Даст нарасон, ки пушаймон мешавӣ, бобои ношуд!». Ва хусурам мушт гиреҳкунон таҳдиди задан кард.
Чапасар гаштаму пешпо хӯрда, ба замини тар гурумбосзанон афтодаму хоб аз сарам парид. Вале «бобои ношуд» гуфтани хусури раҳматиам ҳамоно дар гӯшам садо медод.
Мубориз бояд набераи понздаҳуми ман шуда ба дунё меомад. Аммо насиб набудааст. Ба ҳамааш домоду духтарам гунаҳгор, ки аз рӯзи аввали хонадоршавиашон бо ҳам соз намегирифтанд. Ба қавли мардум мисли кучаку пишак буданду сояи ҳамдигарро аз девор метарошиданд. Ситораҳошон ҳеҷ рост намеомад. Духтарам аз чор соли заношӯйашон як солашро қаҳрӣ карда, дар хонаи мо гузаронд. Зиндагии оилавиашон оянда надорад гуфта, қарор додем фарзанди дуюми се-чорҳафтаинаи дар батнбудаи духтарамонро бурда исқоти ҳамл кунонем. Вале як бегоҳ пеш аз ин домоди бефаҳмонамон омада, занашро гирифта бурду ҳамин Мискинаи ширинак чашми ҳастӣ кушод. Акнун панҷсолаву чунон дӯстрӯяк шудааст-ки! Худо раҳмашро хӯрд…
Духтару шавҳараш баъди чанде боз ҷанҷолу хархаша карданду бо ду фарзандаш ба хонаи мо омад. «Ман медонам, ки келин ин дафъа низ духтар мезояд, беҳтараш раваду аборт кунад,- таъна задаст хушдоман-холааш, ки корманди тиб аст.- Ба бачам як зане гирифта медиҳам, ки фақат писар зояд!».
«Дигар бо Собир зиндагӣ карда наметавонам. Маро ҳурмат намекунад, аз хати кашидаи очааш намебарояд. Барои фарзандонаш хӯрду хӯрок, либос намехарад Зани дигар мегирам мегӯяд. Равад зан гирифтан гирад. Барои алимент ба суд медиҳамаш», - қатъӣ қарор дод духтарам.
- Ин тавр ки бошад, кӯдаки қадатро гирифтан лозим. Се фарзандро дар ин давру замон хӯрондану пӯшондан осон нест, бачам. Мо пир шудему нафақахӯр. Халос ки шудӣ, баромада кор мекунӣ, рӯзатро як кор карда мегузаронӣ. Худоё, Собиру очаашро ба як нохуни кӯдак зор гардонӣ, - аз алам дуо кард занак.
- Худат корманди тиб, нағз медонї, ки кӯдак чормоҳаро аборт кардан қаъиян манъ аст...,- эътироз кардам ман.
- Тибби имрӯза роҳи инашро ҳам пайдо кардагӣ. Ҷанинро аз батни модараш бо ҳаво кашида нобуд месозад, ки дарак намеёбӣ…
- Дар қиёмат чӣ ҷавоб медода бошем, очаш?
- Мардак, тарбияи се кӯдакро дар дами пирӣ бо ин нафақаю маоши ночиз ба гардан мегирӣ? Ман намегирам…
(Давом дорад)
Эмоми НАЗАРИЁН