20-ноябр солгарди яке аз сутунҳои устувори фарҳанг ва адабиёти тоҷик, шоири ширинбаён, зиндаёд Бозор Собир мебошад, умр агар умр вафо мекард, имрӯз ин марди сухан ба синни мубораки 86-солагӣ мерасид, вале афсӯс, ки марпги гулчин беҳтаринҳоро аз мо мерабояд.
Қишлоқаки ман бӯйи чапотӣ дорад
Бозор Собир 20-ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Шоир ҳарчанд қисми зиёди умрашро дар шаҳрҳои калон гузаронида бошад ҳам, меҳри зодгоҳаш бо шири модар ва хотироти дарони кӯдакӣ дар мағз-мағзи ҷонаш маъво гирифта, ҳамеша ӯро ба сӯйи худ мекашид. Дар як шеъраш Бозор Собир деҳаашро хеле ширин тасвир кардааст:
Қишлоқаки ман бӯйи чапотӣ дорад,
Ширинии ширинии тутӣ дорад...
Зиндагии ин шоири мубориз аз рӯзи ба дунё омаданаш то нафаси охирин ҳамеша талошу мубориза будааст. Бозор заҳри талхи ятимиро барвақт чашидааст. Падараш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар набард ба муқобили фашизми гитлегӣ қаҳрамонона шаҳид гаштааст. Баъдтар худи Бозор Собир ранҷу азобҳои ҷигарсӯзи даврони кӯдакиашро дар як шеъраш чунин тасвир мекунад:
Дар сари кӯчаҳои Файзобод,
Чашм ба роҳи куҳна шому саҳар.
Кӯдакиам ҳанӯз гирён аст,
Дар кафи ӯ хатти сиёҳи падар.
Дар набарди зиндагӣ
Аммо ранҷу азобҳои ҷонсӯзи ятимӣ ва хорию зориҳои айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ натавонистанд рӯҳи муборизи ӯро шикаст диҳанд. Тавре ки аз зиндагиномаи шоир бармеояд, Бозор Собир маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст оварда, соли 1962 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст. Бозор алорағми қисмати номард бо тамоми ҳастӣ ба шохи дарахти умед маҳкам часпида, умри худро вақфи омӯзиши илму дониш намуд ва тавонист бе такягоҳ ва пушту паноҳ ба қуллаҳои баланд бирасад. Пас аз хатми донишгоҳ то соли 1975 ӯ ба сифати ходими адабӣ ва мудири шуъбаи ҳафтаномаи «Маориф ва маданият» кор карда, баъдан мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин шуд. Соли 1979 Бозор Собирро бошад, ҷонишини раиси Шӯрои назми Иттифоқи интихоб намуданд. Солҳои 1981—1990 вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд, аммо бо сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ҳаёти шоир куллан тағйир ёфта, ранҷу азобҳои зиёде кашид. Муддате зиндонӣ буд, баъд рӯ ба ҳиҷрат оварда, чандин кишварҳоро гашт ва билохира Амрикоро макони зист интихоб намуд, вале натавонист меҳри Ватанро аз дил берун созад. Ҳамин меҳр дубора Бозор Собирро ба Тоҷикистон овард, аммо умр ба ин шоири мубориз вафо накарда, ҷон ба ҷонофарин супурд.
Уқоби баландпарвози Файзобод
Бозор рафт, вале ёдаш дар дилу дидаи аҳли фарҳангу сухан ва ҳазорон-ҳазор мухлисони бешумори шеъраш то ба имрӯз зиндаву ҷовид мондааст. Деҳқонбачае, ки дар деҳаи дурдасти Суфиёни Файзобод дар оилаи деҳқони хокпош ба дунё омада буд, дар самои шеъру сухан ба мисли уқоб баланд парвоз намуда, туфайли шеърҳои волояш натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар сар то сари олам машҳур гашт. Номи Бозор Собир дар радифи ситораҳои шеър ва адабиёти Шарқ ба забон гирифта мешавад, ки ин гувоҳи нотакрории ашъори ӯст.