Марги нобаҳангоми ҳунарманди нотакрор Мавлуда Обидова, ки нигини алмосии ангуштари санъати тоҷик ба шумор мерафт, дар дили пайвандон, дӯстон ва ҳампешагонаш доғи абадӣ ниҳод.
Дилбар Умарова, ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марги дугонаи азизаш Мавлуда хун мегиряд, Лутфуллои Давлат бошад, ғуруби ин ситораи пурҷиллоро талафоти бузурге на танҳо барои театри Лоҳутӣ, балки барои кулли фарҳангу санъати тоҷик медонад.
Дар сӯҳбат бо хабарнигори Оила ин ду ҳунарманди асил хотироташонро аз Мавлуда Обидова чунин баён намуданд.