arzon replenishment
Умри ҷавонамро бо девонабонӣ гузаронам ё...?
1915

Ман дар оила фарзанди чорум бшам ҳам, ғайри худам касе аз бародару хоҳаронам солим нест. Падару модарам ба якдигар писархолаву холадухтаранд.

Падарам дар яке корхонаи давлатӣ ба ҳайси муҳандис (инженер) кор мекард, модарам бошад дар мағозаи шахсиамон ба савдо машғул буд. Волидонам солимақланд,вале вақте фарзанди нахустинашон таваллуд мешавад, духтурхо мегуянд, ки тифл бо нуксони норасоии ақлонӣ ба дунё омадааст. Падарам модарамро бо ҳамроҳии фарзандаш ба шаҳри Санкт-Петербург барои муолиҷа мебарад, вале касе ба дарди кудак даво намеёбад. Бо қудрати Худованд аз ҳомиладории дуюм модарам ду тифли камақлро ба дунё меорад ва аз дарду алам худаш хам ба бемории равонӣ гирифтор мешавад. Баъди сефарзанди камацли волидонамман солим ба дунё омадаам. Вақте духтурон мегӯянд, ки ин фарзандатон солим аст, волидонам маъракаи калон ороста мардуми деҳаро ба тӯй хабар мекунанд.

Модарам аз солимии ман хурсанд шуда, боз ҳомиладор мешавад, вале ин навбат духтурон мегӯянд, ки фарзанди ҳанӯз тавлиднашудаат бемории дауна дорад ва ин ирсӣ аст. Модарам ба пешгӯии духтурон бовар накарда, тифлро ба дунё меорад. Хоҳарам дар ҳақиқат бо чунин беморӣ таваллуд шуд ва ҳаёти ман низ тағйир ёфт. Бозиҳои кӯдакиро орзӯ мекардам, чунки рӯзи дароз бо хоҳару бардарони беморам овора будам. Фикр мекардам, ки шояд Худованд маро танҳо барои онҳоро нигоҳубин кардан солим гардонидааст ва рӯзи дароз бародарону хоҳарони камақламро парасторӣ намуда, хӯрок мехӯрондам, тару хушкашонро мегирифтам, обббозӣ доронда ба хона медаровардаму мебаровардам. Падари бечораам аз ғами фарзандон ба бемории фишорбаландӣ ва баъдан диабети қанд гирифтор шуда аз олам гузашт. Дар байни ду моҳ аввал падарам, баъд модарам аз сар рафта, тамоман бесҳиб мондем.
Бародари калонам Хусрав ном дорад ва ҳоло 48 сола дораду хеле ҷавони зебост, агар Худованд ӯро соҳиби ақл мекард, шояд баъди аз сар рафтани волидонам моро нигоҳубин мекард, вале қисмат ҳамин будааст.
Пеш аз маргашон ҳамаи дороиашонро ба номи ман гузаронда, васият карда буданд, ки фарзандони маъюбашонро нигоҳубин кунам. Ба хотири васияти волидонам то кунун ба нигоҳубинӣ онҳо машғулам. Дар ин муддат як бор оиладор шудам, вале шавҳарам танҳо ба хотири хона доштанам маро ба ҳамсарӣ қабул карда буд ва вақти зиёде аз байн нагузашта симои аслиашро нишон дод. Аз никҳамон ҳанӯз шаш моҳ нагузашта, рӯзе бо чашми худам дидам, ки бародарони камақли дугоникамро зери мушту лагат гирифта,бераҳмона зада истодааст. Дидани чунин бераҳмиро нибати фарзандони падарат тоқат накарда, шавҳарамро аз хона пеш кардам. Вақти рафтан таънаам кард, ки туро бо ин девонаҳоят дигар ҳеҷ кас ба занӣ намегирад.
Баъд аз ин барои таҳсил ба Донишгоҳи омӯзгорӣ ҳуҷҷат супоридам ва дар мактаби деҳаамон ба ҳайси муаллим ба кор даромадам. Ба хотири васияти падару модарам дигар шавҳар кардан намехоҳам. Ҳаётамро ба тарбияву нигоҳубини ин бегуноҳони биҳиштӣ бахшидаам. Аммо тамоми ҳамсояҳо ва як хеши наздикамон (амакам) доимо насиҳат мекунанд, ки умрамро бо девонабонӣ хазон накарда, бародарону хоҳарамро бурда ба девонахонаи Куктош супораму худам аз пайи зиндагӣ шуда, соҳиби фарзанд шавам. Ман ин фикри онҳоро ҳаргиз тарафдор нестам, вале ҳар рӯз ба гӯшам панду насиҳат хонда, ҷонамро ба лабам оварда истодаанд. Сарҳисоби корамро гум кардаам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Фараҳноз, хонандаи “Оила”

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Рахмонова гулчехра 2023-08-11, 20:23
Шахраки Хисор як модарамки чор фарзанд доштам пачуманги фарзандам бемори дауна бадунё омадаст фарахнозда гуфтаниям оиладор шавад
Посух
Рахмонова гулчехра 2023-08-11, 20:23
Шахраки Хисор як модарамки чор фарзанд доштам пачуманги фарзандам бемори дауна бадунё омадаст фарахнозда гуфтаниям оиладор шавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Рахмонова гулчехра 2023-08-11, 20:23
Шахраки Хисор як модарамки чор фарзанд доштам пачуманги фарзандам бемори дауна бадунё омадаст фарахнозда гуфтаниям оиладор шавад
Посух
Рахмонова гулчехра 2023-08-11, 20:23
Шахраки Хисор як модарамки чор фарзанд доштам пачуманги фарзандам бемори дауна бадунё омадаст фарахнозда гуфтаниям оиладор шавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД