Ду ҳафта боз падару модар, хешу табор ва дигар пайвандонаш Умеда Имомназароваро ҷустуҷӯ доранд. Ин духтараки мисли фаришта зебо сокини кӯчаи Испечаки ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буда, якбора бе ному нишон гаштааст. Умеда санаи 1-уми сентябр аз манзили истиқоматиашон баромада, бо ҳамин дигар ба хона бар нагаштааст. Ҳангоми аз хона баромадан Умеда дар танаш футболкаи сурх, куртаи сурхи клеткадор, шими ҷинс ва крассовки доштааст.
Бино ба гуфтаи баъзе шоҳидон, чанд рӯз пеш ӯро дар маҳаллаи 65-и пойтахт дидаанд.
Ба маьлумоти Шумо мерасонам, ки Умеда ба бемории руҳӣ гирифтор буда, чашмонаш низ иллати сустбинӣ доранд.
Волидону пайвандонаш аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе хоҳиш ва илтиҷо доранд, ки барои пайдо намудани Умеда ёрии худро дареғ надоранд.
Дар сурати пайдо кардани нишоне аз Умеда имомназарова шумо метавонед ба Вазорати Корҳои дохилии Тоҷикистон бо телефонҳои зерин хабар диҳед:
221 21 21 телефони боварии Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон
93 922 21 11 хабарнигори фаврии Вазорати корхои дохили
93 538 00 39 раками телефони ҳамоҳангсозии кор бо ҷомеа
93 995 17 77 – Шероз (бародари Умеда)