Аёдат
Як бегоҳ пас аз кор хостам ба деҳа рафта шабро дар назди модарҷонам рӯз кунам. Майда чӯйдаи зиёд гирифта ба деҳа рафтам. Вақте ки вориди ҳавлӣ гаштам, модарам танҳои танҳо буд. Дар хонаи сарду торик дар рӯйи бистари беморӣ танҳою зор хобидани модарамро дида, хун аз ғазаб ба сарам зад. Маро дида оби чашмони модарам ба рӯйи пурожангаш шорид. Мадори гап задан надошт. Зуд аз халтаам нони гарм ва гӯшту қанду қандалот бароварда наздаш гузоштаму ба берун баромада Шаҳром гуфта фарёд задам. Овози маро шунида ҳарду аз хона берун баромаданд. Теғ кашида ба додарам нигаристаму бонг задам:
- Шаҳром, заррае дар вуҷудат раҳму шавқат дорӣ? Чаро модарамро ба беморона набурдӣ?
- Дилат ба очаҷонат сӯзад, ӯро гирифта ба хонаат бар,-ин гапи зани Шаҳром чун неши каждум ба дилам халид, вале бо ин зани аҳмақ сар ба сар шудан нахоста ба додарам рӯ оварда гуфтам:
- Ҳайфи он шири сафеде, ки модарам ба ту додааст!
Ба кӯча баромада мошинеро дошта овардаму худи ҳамон лаҳза модарамро савор карда ба беморона бурдам.
Васият
Тӯли як ҳафта модарам дар беморона хобид, аммо ягон беҳбудӣ набуд. Рӯз аз рӯз аҳволаш вазнинтар мешуд. Духтурон маро ҷеғ зада гуфтанд, ки мо тамоми кори аз дастамон омадаро кардем, он тарафаш дар дасти Худованд аст. Беҳтараш кампирро ба хона баред! Фаҳмидам, ки модарам мемирад. Сарамро ба девор мезадам, вале дигар аз гиряву нолаи ман суде набуд. Бегоҳӣ модарамро бо чашмони аз гиря варамида ба хонаам бурдам. Кампир ҳар замон номи Нигинаро гирифта ҷеғ мезад. Ба Шаҳром занг зада гуфтам, ки зуд ба хонаи ман ояд, аммо аз байн ду рӯз гузашту аз онҳо дарак нашуд. Рӯзи сеюм Шаҳром Нигинаро гирифта ба хона омад. Модарам духтарашро ба оғӯш кашида гуфт: «Писарам Баҳром, шояд ин лаҳзаҳо лаҳзаҳои охирини ҳаётам бошад. Нигинаро ба тую туро ба Худо месупорам!»
Тоқати шунидани васиятҳои модарамро надоштам, ӯро ба оғӯш гирифта, мехостам гӯям, ки модарҷон, шумо шифо меёбед, аммо чашмони ҳанӯз аз зиндагӣ сернагаштааш оҳиста-оҳиста пӯшида шуданд. Модари ҷафокашидаам дар рӯи дастони ларзони писари бетолеаш ҷон ба ҷаббор супурд.
Дарди дил
Ҷасади модарамро ба деҳа бурда гӯру чӯб кардему ба ҳавлӣ баргаштем. Дилам тоби дигар ҳатто як лаҳза дар хонаи додару янгаи беномусам монданро надошт. Хоҳарам Нигинаро гирифта ба хонаи худам баргаштам. Шаб Нигина аз зиндагии пурмашаққаташ шикоят карда гиристу гуфт: «Акаҷон, ин қадар сол ман ба хотири вайрон нагаштани зиндагии акааму ғамгин нагаштани модарам тоқат мекардам. Дигар ба он хона бар намегардам!» Оби дидагонаш диламро обу адо кард. «Ором шав хоҳаракам. Туро ҳаргиз дар кӯча намепартоям» гӯён, сарашро сила намудам.
Ғуломи зан
Баъди сари модарам Шаҳром аз дасти зани ҷакокаш рӯ ба майнӯшӣ ниҳод. Дар кӯчаҳо афтону хезон мисли девонаҳо мегашт. Дилам ба ҳоли додари занкалонам намесӯхт, чунки аз ҷабри зани ӯ ману занам ғариб шудем, модарам бармаҳал аз дунё гузашту хоҳарам сиёҳбахт шуд. Ин бойдухтари худонотарс хоҳару бародаронро бо ҳамдигар бегона кард. Шаҳром борҳо ба воситаи ҳамсояҳо аз ман хоҳиш кард, ки Нигинаро бурда ба хонааш монаму зиндагии ӯро талх насозам. Дирӯз ҳам одам фиристода буд, ки Нигинаро гусел кунам. «Бигзор зиндагиат талх шавад додарҷон, аммо ман васияти модарамро ба ҷо меорам. Модарамро аз даст додам, намехоҳам ягона хоҳаракамро ҳам аз даст диҳам. Дидани симои зебои Нигина ҳар лаҳзаву ҳар соат очаҷонамро, давраҳои ширини кӯдакиамро ба ёдам меорад» мегӯям аз минбари «Оила» ба додари беномусам. Дод аз дасти занҳои беандеша, ки бародаронро аз ҳам ҷудо мекунанд!
БАҲРОМ