Салом Маскав
Гулбоғ бори аввал ба тайёра менишасту аз ҷунбишу ҳаракати он метарсид, ин ҳолати ҳамсарашро дида Нозир ӯро ба оғӯш гирифта навозиш мекард. Ба даҳонаш гоҳе пораи шакалад мегузошту гоҳи дигар мева, Гулбоғ, ки ин гуна бахтро ҳатто дар хоби шабаш орзу намекард, хубро ситора шуморида дар саоми хаёлоташ ноз мекарду ноз… Тайёра ба поён нишасту зану шавҳар дар оғӯши ҳам аз он поён шуданд, назди фурӯдгоҳ мошини сиёшишаи зебое онҳоро мунтазир буд, марди ғафси русе пешвозашон гирифта бо Нозир гарму ҷӯшон вохӯрӣ карду онҳоро ба назди бинои бисёрқабатае бурда монд. Гапҳои мардро ба Гулбоғ Нозир тарҷума карда медод, ҷавонзан фаҳмид ки ин ҳамон Иван Иванович асту аз омадни онҳо хушнуд. Даруни хонаи хушҷиҳози чорҳуҷрагӣ Гулбоғ ҳайрони ҳайрон монд, ин гуна хонаро ӯ дар кинофилмҳои хориҷӣ дида буд. Нозир ба ӯ истифодаи ташнобу ҳамомро нишон доду гуфт, ки фардо дам мегираму рӯзи дигар барои ту ягон муаллимаи забони русӣ меёбам ту бояд бо забони русӣ гап заданро ёд гирӣ то азоб накашӣ. Гулбоғ бо оҳанги ташаккур лабонашро ба лабони бусахоҳи шавҳар гузошт, ба мондагии рӯзона нигоҳ накарда арӯсаки бало шавҳарашро то рӯз хобидан намонд. Нозир аз навозишҳои ҳамсари ҷавонаш курта-курта гӯшт мегирифт, хурсанд буд, ки ба ҳамасараш маъқул аст.
Дугонаи нав
Чанд рӯз пас Нозир духтараки ҷавонеро ба исми Тамара ба хона оварда бо Гулбоғ шинос кард. Тамара донишгоҳро бо тахассуси забони форсӣ тамом карда будаасту бо тоҷикӣ хеле ширин ҳарф мезад, ӯ дар баробари забон омӯхтан ба Гулбоғ тарзи нишасту хез, хӯрок хӯрдан бо вилкаю корд ва муносибат бо ашёҳои рӯзгоррро низ ёд медод. Иван Иванович мехост Нозиру занашро барои шиносшавӣ ба тарабхона даъват намудан мехост, аз ин рӯ ҷавонмарди тоҷик мехост занаш маданияти нишастанд дар тарабхонаро хуб омӯзад то назди хуҷаинаш шарманда нашаванд. Гулбоғ ки бисёр мехост ба занҳои аврупоӣ монанд бошад, хеле сайъ кард ва дар як муддати кӯтоҳ ҳам забон ва ҳам маърифати аврупоиро ёд гирифт. Акнун худаш озодона ба мағозаҳо рафта харид мекард, то омадани шавҳараш хӯрокҳои лазиз пухта омадани ӯро мунтазир менишаст. Тамара гоҳ-гоҳе меҳмони ин ҷуфти ҷавон шуда аз хӯрокҳои миллии тоҷикӣ нуши ҷон мекарду дар навбати худ Гулбоғро ба ин ё он магазин барои харидани либоси зебое мебурд.
Иван Ивановичи олиҳиммат
Дар арафаи яксолагии тӯйи хонадоряшон Нозир дар тарабхона зиёфат ороста Иван Иванович ва Тамараро даъват намуд, зеро хуҷаинаш як соли дароз аз зертобеъаш талаб мекард, ки ӯро бо келин шинос намояд. Тамара ва Гулбоғ пеш аз он ки ба тарабхона раванд ба ороишхона рафта худро хуб оро доданд, Гулбоғ дар куртаи ҳарири сурхи баланд, ки ба чеҳарааш ҷанг мекард ба шоҳдухтарҳо монанд буд. Дар сари мизи зиёфат чунон бо карру фар менишаст, ки гумон мекардӣ аз кӯдакӣ дар чунин шароит ба воя расидааст… Нозир бо ифтихор ба маликаи қалбаш менигаристу Иван Иванович бошад ҳай-ҳайкунон таъби нозуки ӯро тавсиф мекард:- Нозирҷон ту барои ман мисли фарзандам астӣ, ҳатто аз рӯйи ҷаҳолати ман ва фарзанди эркатулфорам муддате дар маҳбас нишаста азоб ҳам кашидӣ, аммо маро фаҳмидӣ, ҳатоямро бахшидӣ…. Ман аз ту миннатдорам писарам, ту дар тиҷорат дасти рости ман астӣ, аз ин рӯ хонаеро, ки дар он истиқомат мекунӣ ба номат кардам, Худо умр диҳад мағозаеро низ шахсӣ карда ба ту мебахшам, баъд аз дунё равам ҳам армон надорам. Ғайр аз ин... Иван Иванович аз ҷяош хеста гарданбанди зебоеро ба гардани Гулбоғ баст ва гуфт, ҳамсари ту аз ҳамин рӯз иборатан барои ман духтар мешавад. Гулбоғ ах хурсандӣ қариб буд ба гардани ин марди рус кашол шуда ӯро бусаборон кунад, вале худро дошт. Нозир ба Иван Иванович ташаккур гуфт, пас аз хурсандию рақсу бозӣ онҳо хона ба хона рафтанд. Тамара фурсат ёфта ба гӯши Гулбоғ гуфт:-Гуля- ту ҳатто тасаввур намекунӣ, ки дар гарданат пули як ҳавлии кори калон овехта шудааст. Гулбоғ аноӣ набуд ва медонист, ки Иван Иванович барин марди сарватманд ба ӯ чизи камбаҳо тақдим намекунад….
Шаҳрванди Руссия
Дар шаш моҳ пас аз ин ҳодисаи хурсандиовар Гулбоғ шаҳрванди Руссия шуд, Нозир кайхо шаҳрвандии ин кившари бузургро дошт. Гулбоғ ҳамеша аз кампири Марям миннатдор буд, ки тақдири ӯро ба ин ҷавони меҳнатӣи меҳрубон пайваст. Ҳар гоҳе барои сохтумони ҳавлияшон пул фиристанд, ӯ албатта аз Нозир хоҳиш мекард, ки барои кампири Марям низ каме пул фиристад. Нозир ҳамеша дар фикри анҷоми ҳавлияшон дар ватан буд, аммо Гулбоғ, ки дигар ҳаргиз ба ватан рафтан намехост ӯро аз роҳ мезад:- Бамаззаҷон, чӣ даркор ҳамон деҳаи пурхоку чанг, мо акнун шаҳрвандони Россия ҳастем, намешавад, ки бо ҳамин пул як хонаи дигар ҳамин ҷо харем? Аммо Нозир бо қатъият мегуфт:- Гулҷон, ман як пора хоки ватанро аз қасру кушк ва қалъаи бегона беҳтар медонам. Мехоҳам дар ватан реша дошта бошам, фарзандонам он ҷо ба камол расанду анъана ва урфу одати хешро аз ёд набаранд. Ҳавлиямро месозам…. Хайр ихтиёрат мегуфт бо ноз Гулбоғ, вале дар дилаш ҳаргиз азми дар ватан зистан надошт. Дили ӯро Маскав бо шукӯҳу шаҳомат, мағозаву бозорҳои бешумораш бурда буд. Барои ин бонуи чизпараст танҳо сарвату боигарӣ ва зиндагии осон лозим буду халос. Аммо Нозир ёди ватан, ёди деҳа ва ёди зебогиҳои Тоҷикистони маҳбуб мекард, борҳо дар дилаш мегуфт, ки агар ними ҳамин маоши мегирифтаамро дар ватан ёбам як рӯз дар Руссия намеистам…
Хоҳишҳои нави Гулбоғ
Гулбоғ аз чизе танқисӣ намекашид, вале дилаш мехост ҷое кор кунад, ҳар рӯз мисли занони ҳамсоя фасон шуда аз хона барояду бегоҳ дарояд. Ӯ чанд рӯз тайёр шуда як бегоҳ оши палав пухту баъди зиёфат сарашро ба китфи шавҳар гузошта гуфт:- Нозирҷон, биё маро ягон ҷо кор мон, охир рӯзи дароз дар хона зиқ мешавам. Баъд ин ки пули зиёдатӣ ба мо зарар намекунад, ку?! Мехоҳам дар сохтумони ҳавлиямон, ки он ҷо фарзандонамон ба воя мерасанд, саҳм дошта бошам. Вақте онҳо калон шаванд ба онҳо гӯям, ки ману падаратон барои шумо ин ҳавлиро сохтем…. Нозир аз ин ҳавасҳои занаш хандааш омад ва ҷавоб дод:- Гул, аввал ин ки сохтумони ҳавлиямон дар арафаи анҷомёбист, дуюм ману ту бояд ба духтур равем ва барои чӣ ҳомиладор шудани туро фаҳмем, сеюм ту дар сохтумони ҳавлӣ баробари ман саҳм дорӣ… Зеро маҳз ту ва ишқи ту маро ба зиндагӣ дилгарм сохт, баъд агар ту ҳар шаб ба ман чунин хӯрокҳои болаззат намепухтию бистарамро аз нозу каршмаат гулрез намекардӣ, ман аз куҷо нерӯи кор мегирифтам?! Ту метавонӣ бе ягон шакку шубҳа ба фарзандонамон гӯйи, ки ману падарат ин ҳавлиро барои шумо сохтем! Аммо Гулбоғ ҷойи ҷони шавҳарро медонист ва бо бӯсаю навозиш, меҳрубониҳои зиёд дилашро ба даст оварда ӯро розӣ кард то барояш кор ёбад…