arzon replenishment
ҒУЛОМИ НАФС (ҚИСМИ 16)
12.10.2021
ДИЛОШӮБ
3947

                                Марди хирадманд

Нозирҷону Люда боз як бори дигар ба марди хирад будани Иван Иванович бовар карданд, ин мард дар тули зиндагии на он қадар дарозаш танҳо ба онҳо бовар кардааст Ӯ медонистааст, ки агар давлату сарваташро ба Светланаи нозпарвардааш мерос монад, ӯ ҳароҳи дӯстонаш зудл онро хӯрда нобуд мекунад, аммо Нозиру Люда метавонанд ба ӯ дар лаҳзаҳои вазнини зиндагӣ дасти мадад расонанд. Баъди мондани ҳайкали мармари Иван Иванович дар сари қабраш, Света ба Люда изҳор дошт, ки агар розӣ шавад ба ҷойи мағоза ӯ салони зебоӣ мекушояд. Ман дар хориҷа нозукиҳои макияж, нохунпероӣ ва дигар санъатҳои зебоиофариро омӯхтаам ва мехоҳам ҳамин гуна тиҷорат дошта бошам. Ман ба шумо ваъда медиҳам, ки баъди каме ба по хестан, албатта пулатонро бармегардонам. Акнун Света бе машварати Людаю Нозир кореро ба анҷом намерасонд ва дар як муддати кӯтоҳ мизоҷони хешро ёфт, ин ду нафар низ нафаси сабук кашиданд, зеро дигар азоби виҷдон намекашиданд. Вазнинии азоби виҷдонро танҳо шахсе медонад, ки онро дорад….

                        Исёни Гулбоғ

Нозирҷон як одате дошт, ки аз ҳамсараш чизеро пинҳон намедошт, аз ин рӯ ба ӯ дар бораи некии худашу Люда гуфта доду дар бало монд. Гулбоғ, ки дар моҳи нӯҳуми ҳмиладорӣ қарор дошт яку якбора чеҳраи аслияшро нишон дода чунон фарёд кашид, ки Нозирҷон дар ҳолати шок афтид:- Барои чӣ ту пулҳои моро ба ҳар тараф пош медиҳӣ, вай фоҳишаи майзада кӣ ҳаст, ки ёриаш медиҳӣ! Шояд бо ӯ ягон алоқа низ дорӣ, ман рафта к…. канда дар дасташ надиҳам аз камари падарам набошам… Нозир ин қабеҳгуфтории Гулбоғро бори аввал мешунид аз ин рӯ худашро дошта натавониста ба рӯяш шаппотии обдоре фаровард. Гулбоғ даме хомӯш монду баъд аз гиребони шавҳар гирифт, ту барои як манҷалақӣ модари фарзандонатро задӣ, а сағираи почакандаи гушнамаст?! Нозир аз ин таънаи занаш ба худ омада гуфт:-Э раҳмат, раҳмат… Инсони беандеша зуд, кӣ будани худашро фаромӯш мекардааст, аммо аз рӯзи туро диданам ман почаканда набудам, баракс ту мисли лулиён либос мепӯшидӣ. Хонаву даратонро низ дида будам, акнун зунукатро гир, ман гап мезанам баландтар фарёд зад Нозир ва афзуд:- Ту ба падари Света кӣ мешавӣ?! Ба бибии Марям зоғат аз боғашон гузар накардааст. Баъд ман аз пагоҳ тамоми мероси ба ман гузоштаи Иван Ивановичро ба Света бахшида ба Тоҷикистон бармегардам, шукри Худо он ҷо хонаву дар дораму дигар он сағираи почаканда нестам. Ягон кор ёфта дар ватан мемонам… Бо шунидани ин суханҳо Гулбоғ худро ба беморӣ зада шикамашро дошта фарёд зад, ки вой очаҷон мемирам, Бунёдҷон баробари модараш мегирист… Нозирҷон аз тарс ёрии таъҷилиро ҷеғ зад, духтурон Гулбоғро муоина кардану ягон дард наёфтанд, Нозир Бунёдҷонро, ки аз духтурон тарсида буд гирифта берун баромад. Гулбоғ аз фурсат истифода бурда ба дасти ҳарду духтур саддоларӣ қаппонда гуфт:-Шавҳарам маро зиёд асабонӣ мекунад, илтимос ӯро сахт тарсонед… Духтурон, ки ду нафар, мард ва духтараки ҷавоне буданд, аз ҳиммати бемор хушҳол шуда вақти берун баромадан ба Нозир маслиҳат доданд, ки бемор бояд асабонӣ нашавад, вагарна ҳам худаш ва ҳам кӯдакашро хатари марг таҳдид мекунад. Талхаи Нозирҷон ба қавле кафид ва сар то пои хонуми дар ҳилла гумашро бо бӯса шӯста аз ӯ узр пурсид. Гулбоғ низ худро беҳол нишон дода гуфт, ки ҳоҷати бахшиш нест ёд надорам, ки ту чӣ гуфтию ман чӣ?! Акнун Гулбоғ ба косаи тар даст намезад кораш шабу рӯз бо ошиқаш Сарватхоҷа гап задан буду кору бори хона ва нигоҳубини кӯдакаш ба ӯҳдаи Маша. Сарватхоҷа ба Гулбоғ ваъда дод, ки баъди ду моҳ бо кори заруре ба муҳлати ду моҳ ба Маскав меояду Худо хоҳад вомехӯранд. Ин марди фосиқ гоҳ-гоҳ шӯхӣ карда мегуфт:- Шояд писари батнат аз ман бошад… Аммо Гулбоғ қатъиян гуфт:-Не, падари фарзандам шавҳарам аст, ман инро аниқ медонам… Ин зани ба тори макр печида дурӯғ мегуфт, зеро намедонист, ки падари фарзандаш кист…..

                           Тавлиди писари дуюм

Пас аз расидани моҳу рӯзаш рӯзе Гулбоғро дарди зодан гирифт, Нозирҷон бо тарсу ларз ҳамсарашро ба беморхона бурд, зеро то ҳол ларзаи аз суханони дурӯғи духтурони зархариди Гулбоғ ба ҷонаш афтида дур нашуда буд. Гулбоғ писарки зебое ба дунё овард, моҳи июн буду айни шукуфоию зебоии табиати Маскав. Гулбоғ мисли шоҳзанҳо рӯйи арғунчаки ҳиндии даруни боғ мехобиду пешаш рӯйи миз пур аз анвои хӯрданӣ, Бунёдҷонро падараш субҳ ба боғчаи шахсиии бонуфузе бурда бегоҳ меовард. Дилшод писари дуввумиро, ки хеле оромтабиат буд, асосан Маша нигоҳубин мекард. Гулбоғ ҳамеша аз пайи нигоҳубини хеш буд, ба тарзи либоспӯшияш нигарисита гумон мекардӣ, ки аврупоии тоза асту қишлоқҳои пурсангу хоки Тоҷикистонро дар хоби шабаш ҳам надидааст. Баъди тавлиди писараки дуввумаш Нозирҷон худро пурра дар ихтиёри занаш монда аз хатти кашидаи занаш берун по намемонд. Гулбоғ хонашин бошад ҳам, ҳар ҳафта сари чанбараки мошин нишаста ба толорҳои зебоӣ рафта маҳсу макияжу боз ким чӣ гуна балоҳои дигарро гирифта бармегашт.

                             Таёрӣ

Як субҳи барвақт Сарватхоҷа занг зада хабар дод, ки соати панҷи бегоҳ дар Маскав мешавад ва субҳи дигар насиб бошад вомехӯранд. Худи ҳамон рӯз Гулбоғ ба толори ороишӣ рафта то бегоҳ ба ороишу зебогардонии худ машғул шуд, ба хона баргашта куртаи сурхи қиматбаҳояшро ба бар намуда ороишоти аз пинҳонгоҳи зани Иван ёфтаашро ба гардану гӯшҳояш овехта худро ба оина нигарист. Дар ҳақиқат ҳам ӯ ба актрисаҳои зебое монанд буд, ки дар сериолҳои хориҷӣ нақш меофариданд. Ӯ бисёр мехост, ки Сарватхоҷаро мафтун намояд… Ин маккораи зинокор оғӯши гарму навозишҳои ошиқи пулмасташро ёд карда буду тӯҳфаҳояшро аз худаш дида зиёдтар…                                   Сареву савдое…..

Ӯ тӯҳфаҳои Сарватхоҷаро ба ёд оварда барқвор аз сараш гузашт, ки бояд ӯ низ ба ошиқаш тӯҳфаи арзишманде бихарад. Ҳамин вақт ба ёдаш зад, ки дар мағозаи соатҳои тиллоӣ тахфифро дида буду хост аз ҳамон ҷо барои марди дилаш соати тиллое харад. Ӯ аз доларҳои баҷоияш ду ҳазорашро бароварда ба ҳамёнаш гузошту мунтазири субҳ Нозирҷонро мунтазир нашуда писарашро бо Маша гузошта сарам сахт дард мекунад гӯён ба хонаи хоб гузашт. Ӯ хуб медонист, ки Нозирҷон ба хобаш халал нарасонида бо писараш дар хонаи дигар мехобад…. Субҳи барвақт Гулбоғ аз хоб бархоста бо хурсандӣ бо ҳамсарашу писараш наҳорӣ карду барои «страховка» гуфт:-Нозирҷон, шаби дароз сарам сахт дард кард, ана ҳозир ҳам хеле вазнин аст. Мехоҳам ба духтур равам… Нозирҷон бо меҳрубонӣ аз чаккаи сари занаш бӯсида посух дод:-Албатта рав! Дар ин дунё саломатӣ набошад, чизи дигар даркор нест! Гулбоғ шавҳарашро гусел карда ба Маша чанд супориш дода худро мисли маликаҳо оро дода аз хона баромад. Машаву шавҳараш дар як муддати кӯтоҳ ба ин оила, ба хусус Нозирҷони дилкушоду дилсафед дил баста буданду бо хурсандӣ бе эшон ёрӣ мерасониданд. Маша бо набзи занонааш эҳсос мекард, ки Гулбоғ чӣ сирре дорад, аммо метарсид агар ӯро насиҳат кунад, аз маоши хую, ҷойи гарму нарм ва хӯрокҳои болаззат мемонанд. Охир Нозирҷон онҳоро он қадар азиз медошт, ки мисли водидонаш. Боре ҳамсари Маша болопӯши чармини қимматбаҳо ва палтои зебои итолёвиро, ки Нозир ба онҳо аз хориҷа тӯҳфа оварда буд рад карда гуфт:-хуҷаин, шумо моро шарм медоронед, бе ин ҳам ману занам дар хонаи шумо зиндагии шоҳона дорем, маоши баланд мегирем, айб аст ки чунин тӯҳфаи қимматбаҳоро гирем… Нозир бошад бо лабханди талх посух дод:- Алексей Петрович, ман ҳеҷ гуна хуҷаин нестам, шумо метавонед маро оддӣ Нозирр гӯед. Аммо агар тӯҳфаамро қабул накунед, хафа мешавам, зеро шумо аҳли оидаи ман хешу табори ман ҳастед. Ин баракату зиндагие, ки мебинед, ба ман аз шарофати як ҳаммиллати шумо мерос мондааст. Аз ин рӯ ман пеши миллати рус, ҳар як рус қарздорам…. Аз ҳамон рӯз сар карда Машаву шавҳараш Нозирро писарам ва Гулбоғро бошад духтарам мегуфтагӣ шуданд. Гулбоғ ба онҳо мисли Нозир меҳрубон набошад, ҳам ҳеҷ гоҳ озорашон намедод ва чун аҳли оила азизашон медонист. Маша ба андеша рафт, ҳеҷ намехост ба дилаш нисбати Гулобоғ гумони бадеро роҳ диҳад, вале….

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД