Чизпараст
Гулбоғро бо ҳама хастагӣ хоб намебурд, ӯ интизорӣ мекашид, ки кай волидонашро хоб бараду ӯ тӯҳфаҳои ба мошинаш бор кардаи хизматгорони Сарватхоҷаро оварда бубинад. Лифофаи додаашро алаккай раҳораҳ хабар гирифт, даруни он ду ҳазор доллар гузошта шуда буд ва дар қисмати дарунияш чунин навиштаҷот буд:-Бензинпулӣ! Боз эҳсоси гуруснагӣ ҳам мекард, зеро аз Сарватхоҷа шарм дошта чизе нахӯрда буд… Гулбоғ оҳистаяк хеста ба берун назар кард, чароғи хонаи хоби падару модараш хомӯш буду шабчароғи булурин хира-хира месухт. Ин маънои онро дошт, ки падару модари соддааш пас аз ташвишҳои рӯзона лаккай бароҳат хобидаанд.
Гулбоғ ба берун баромад, моҳи октябр бошад ҳам ҳаво гарму форам буд, аз осмон ситораҳо як як чашмак зада гӯё ба аҳли замин шаби хуш орзу мекарданд. Деҳа низ хомӯш буд, аз ким куҷое садои сагони дайду баланд мешуд, бод магар мисли бачаҳои мевадузд ба боғҳои мардум сар халонда буд, ки атроф бӯйи себу ангур ва шафтолу мекард. Гулбоғ каме зебоии шаби деҳаро тамошо карду фикраш ба Сарватхоҷа рафт, чӣ қадар усто буд дар ишқварзӣ ин марди зебо…. Сар то пойи Гулбоғро бо бӯсаҳои ширин шӯст, аз ёд овардани ин манзара дар лабони бону хандаи ифтихоромезе давид… Гулбоғ оҳиста-оҳиста ба назди мошин рафта ҳамаи борро берун бароварда се навбат то ошёнаи дуюм, хонаи хобаш кашида бурд. Баъд дари мошинашро пӯшида ба хонааш даромаду чароғро равшан кард. Халтаҳоро якта-якта кушода дида аз саховати Сарватхоҷа дар ҳайрат монд ин бонуи чизпараст….
Ҳотами той…
Дар як халта як рони равғанини гусфанди дар танур пухта шуда бо чанд кулчаи ширмол, дар қутии коғазии калон қанду қандалоту бодому пистаҳои олисифат, дар халтаи дигар як пероҳани аврупоидухти ниҳоят зебо ва куртавори атласи қимматбаҳо. Аз ҳама зеботараш пустине буд, ки гӯё ба қадду басти Гулбоғ чен карда бошанд… Дар Руссия ин гуна пустин камаш даҳ ҳазор доллар меистад, ин «гурги гурусна» инро аз куҷо ёфта бошад, бо хушҳолӣ аз дил гузаронид Гулбоғ ки чашмаш аз тамошои тӯҳфаҳои ошиқи наваш сер намешуд. Ӯ боз ороишоти тиллоии Сарватро ба гардан баста худро дар оина дид ва аз дил гузаронид, ин бонуи мавзунқомат бо ин ҳусни худодо ба ҳама чиз меарзад! Губоғ бо таъби болида ба хоб рафту субҳ ғайри одат барвақт аз хоб хеста, ҳавлиҳоро руфт ва рӯйи кати ҳавлӣ дастархони пурнозу неъмате орост. Падару модараш инро дида аз куҷо будани нозу неъмати дастархонро пурсиданд, Гулбоғ бо ханда гуфт:- Дина ба бозор даромадам ва дилам ба гушти танурӣ рафт, боз танҳо хӯрдан нахостаму зиёдтар гирифтам, ки ҳамакаса хӯрем. Боз ҳаст бегоҳ насиб бошад апаҳоямро ҷеғ мезанем. Худам ош мепазам!
Шаби сӯҳбат
Пиру кампир бо иштиҳо субҳона карданду аз пайи зиндагӣ шуданд, Гулбоғ бошад апаашро, ки дар ҳамсоягияшон мезист ҷеғ зада гуфт:-Шаҳлоҷон ҳамин хонаю дари маро оина барин тоза намо сад доллар нушат шавад! Шаҳло, ки аз саховатҳои хоҳараш баҳравар буду шавҳараш низ аз Гулбоғ барои ёрмандияш шод буд бо ҷону дил розӣ шуда гуфт:-Гулбоғ наход ту гумон дорӣ, ки ман ба ту барои доллар ёрӣ мерасонам. Охир агар ту волидонамро ба қасрат даъват намекардӣ ману шавҳарам як умр дар хонаи хушдоманам мемондем, имрӯз соҳиби хонаи худамон ҳастем. Боз Нозирҷон онҳоро таъмир карда дод…(Падару модараш хонаю дарашонро ба Шаҳло тақдим карда буданд) Боз шавҳарат ба боҷааш гуфтааст, ки баҳор ба Маскав биёяд, барояш кор меёбад…. Гулбоғ апаашро ба оғӯш гирфта бехи гӯшаш пичирос зад:-Эҳ содаяки ман, охир ман намехоҳам ту бепул кор кунӣ, баъд ман дорам, чаро ба ту ёрӣ надиҳам?! Хайр биё аз пайи кор мешавем…
Андешаҳои ошиқона
Шаҳло баъди дидани ранги саддоларра бо тамоми ҳастӣ ба кор часпид ва то соатҳои чори бегоҳ хонаю даррро ба қавле оинабандӣ кард. Аммо Гулбоғ дар осмон сайр дошт ва бо Сарватхоҷаи саховатмандаш СМС-бозӣ дошт… Сарватхоҷа на танҳо дар ишқбозӣ, балки дар суханбозӣ ҳам устухон надоштаасту Гулбоғро розӣ карда, ки ду рӯз пас ба мулоқот биёяд… Гулобоғ рӯзи дигар дастархони пурнозу неъмат ороста апаҳояшро зиёфат дод, рӯзи дароз падару модар аз шухию бозӣ ва хандаю хурсандии духтару набераҳо баҳра бардоштанд. Пас аз рафтани апаҳояш Шаҳло боз як бори дигар хонаву дари хоҳари саховатмандашро тамиз карду ба хонааш рафт. Бунёдҷону волидонаш, ки аз ҷумбуҷули рӯзона хаста шуда буданд, ба хоб рафтанд, Гулбоғ бошад банди андешаҳои оишиқонаи худ буд. Ин зани дар макр гум ба фикри худаш аз ҳама он ҷавонони қишлоқ, ки дар вақташ назараш онҳоро намегирифт қасдашро гирифт. Зеро онҳо Гулбоғро бо мошини қимматбаҳояш дида як тараф меистоданду бо ишораи сар саломаш низ медоданд, Гулбоғ бошад бо як ғурури хоса аз назди онҳо мегузашт. Аслан ҳамаи мардуми деҳа ба кору бори худ банд буданду ба Гулбоғу карру фараш корашон набуд, аз Гулбоғ дида сарватмандон дар деҳа буданд, аммо худашонро нишон намедоданд. Ӯ дигар ғами онҳоеро, ки ӯро сиган мегуфтанд надошт, акнун ғами оғуши сарвахоҷа азобаш медод. Мехост зудтар ба дидори марди орзуҳояш расад…
Хушбовар
Нозирҷони хушбовар шабу рӯз занг зада аз ҳамсараш авҳолпурсӣ мекард, худатро аз ҳиҷ кас кам мадон гуфта барояш ҳар моҳ маблағи зиёд мефиристод. Дар тамоси навбатӣ ниҳоят пазмон шудани худро гуфту аз Гулбоғ хоҳиш кард, ки зудтар баргардад. Аммо Гулбоғ ба шавҳараш гуфт, ки ту дар соли нав назди мо биё баъд якҷоя ба Маскав меравем. Нозирҷон қабул кард ва бо пазмонӣ гуфт, оо соли нав ҳам кам боқӣ мондааст. Гулбоғ аз шунидани ин ҳарф каме хиҷил шуд, зеро эҳсос мекард, ки қувваи ҷозибаи оғӯши Сарватхоҷа зуртар аз ҳама чиз ҳаст…
Пас аз сӯҳбат бо Нозирҷон Гулбоғ роҳ пеш гирифт ба маркази вилоят, ба ҳмон хонае, ки ӯро он ҷо Сарватхоҷа мунтазир буд. Ин «Гурги борондида» чизпарастии Гулбоғро фаҳмида буд ва ин даъфа баъди ишқварзиҳои дуру дароз ба ӯ боз як комплект ороишоти занонаи сохти аврупоӣ тақдим намуду гуфт, инро бо либосҳои аврупоият мепӯшӣ…. Гулбоғ, ки лучи модарзод дар оғӯши ин марди ҳавасбоз мехобид бо ноз аз чашмони Сарватхоҷа бӯсида гуфт:-Шумо бо ҳама маъшуқаҳоятон чунин меҳрубонед? Не- мад кашида ӯро танг ба оғӯш гирифта посух дод Сарватхоҷа, миёни ҳама ту болотар баромадӣ. Ростӣ ман ду зан ва маъшуқаҳои бешумор доштам, аммо аз рӯзи бо ту вохӯрданам бо каси дигар вонахӯрдаам… Намедонам, ошиқ шудаам чӣ бало?!Ҳеҷ бовар надорам, ки мардони маъшуқабоз ғайри худашон каси дигареро дӯст доранд- худашро ба мард ҷафстар карда гуфт Гулбоғ. Сарватхоҷа андешаманд гуфт, ана мешудааст…. Намедонам, вақте ту ба Маскав меравӣ ман чӣ мекунам, ҷиддӣ афзуд Сарватхоҷа. Гулбоғ гӯё касе ӯро як шаппотӣ зада бошад, ҳушёртар шуда гуфт:- Ман ба Маскав рафтам тамом, боз омаданамро мунтазир мешавӣ…. Сарватхоҷа пас аз ин гап як бори дигар аз Гулбоғ коми дил бардошта бехи гӯшаш пичиррос зад, ғам махӯр ман зуд-зуд ба Маскав меравам, илоҷашро меёбем… Гулбоғи сархуш аз айши ҳаром то пойи маъшуқашро бӯса мекорид.