Arzon march 2024
Ғуломи хоҳаршӯй Қисми 1
1437

 

Ҳамагӣ бисту ду сол дорам, вале он қадар рӯҳафтодаву хаставу асабӣ ҳастам, ки гумон мекунам умрам кайҳо аз сарҳади ҳафтод гузаштааст. Ростӣ, ба кабӯтарбачаи озоде шабоҳат доштам, ки умрам ба шодмониҳо сипарӣ мегашт, мисли духтарони дигар дар дил орзуи арӯс шудану марди диламро хушбахт карданро доштам, аммо…

                             Шаш тору шаш тарона

Дар оилаамон мо шаш духтар ҳастем, падару модарам ҳарду табибанд ва боре ҳам аз забони онҳо ҳарфи ношукриро нашунидаам. Волидони азизам аз будани мо шукрона мекунанд, моро дӯст медоранд ва ҳама ҳастияшонро сарфи тарбияи мо намудаанд. Апаи калониям Донишгоҳи тиббиро хатм намуда, бо ҳамсабақаш оиладор шуда, ба Хуҷанд рафт. Дуввумӣ Донишгоҳи миллиро хатм намуду ӯро амакам келин гирифт, саввумӣ Донишгоҳи омӯзгориро хатм карду ба ҳамсояписарамон расид. Чорумӣ дар Донишгоҳи тиббӣ мехонад, панҷумӣ коллеҷи тиббиро хатм карду ба шахсони хубе дар маркази ноҳия келин шуд, ман ҳам коллеҷи тиббиро хатм намудам.

Ростӣ, хостгоронам аз мӯйи сарам зиёдтар буданд, зеро на аз ҳусну ҷамол ва ақлу тамиз, ҳунармандӣ камбудие надорам. Нав дар беморхонаи ноҳия ҳамроҳи падару модарам ба кор оғоз карда будам, ки ба як бемор аз хешони дури падарам сахт маъқул афтодаму ӯ барои писари ягонааш маро хостгорӣ кард. Ин мард як писару як духтар дошт. Писараш Амир дар курси охири донишгоҳ дар факултаи ҳуқуқшиносӣ мехонд ва ҷавони зебое буд. Падарам ба хотири ақлу фаросати доштаи хешбачааш ба ин хостгорӣ розӣ шуд. Тӯйи мо хеле бодабдаба баргузор гашт. Волидони шавҳарам дар деҳаи дурдасте зиндагӣ мекарданду молу гови зиёде доштанд. Хусурам, ки пеш дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекардааст, аз бемории қанд азият мекашиду баъди чор моҳи тӯйи мо вафот кард ва сар шуд азоби алими ман дар ин хонадон.

                                 Дипломдори муҳоҷир

Шавҳарам донишгоҳро хатм карда, ҷойи коре ёфт, вале бо маоши кӯчаке, ки мегирифт, қаноат накарда ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт, аммо ман кор мекардам ва рӯзи худаму хушдоманамро пеш мебурдам. Хушдоманам он қадар зани бад набуд, вале хоҳаршӯям ӯро «заҳролуд» мекард. Наҷмия чанд хона аз хонаи волидонаш болотар зиндагӣ мекард, ӯ бо хусуру хушдоманаш рост нагирифт ва шавҳараш зуд рӯзғорашро ҷудо кард. Ҳамсараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ буду рӯзи ӯ дар хонаи модараш мегузашт, ӯ ба хонаи мо гӯё ба кор меомад. Ҳар рӯз соати ёздаҳи саҳар ҳамин ҷо ҳозир мешуду ба хонааш танҳо барои хоб кардан мерафт. Рӯзҳои корӣ аз неши ӯ наҷот меёфтам, аммо рӯзҳои истироҳат аз субҳ то шом ба нешҳои заҳролуди ӯ тоқат мекардам. Худ ба худ меандешаму ба саволам ҷавоб намеёбам, ки дар ин ҷавонзани болобаланди нозанин, ки модару соҳиби ду писари нозанин аст, ин қадар бадӣ аз куҷо ҷо гирифта бошад?! Амир маро ҳамеша тасалло медод, ки “аҳамият надеҳ, Наҷмияро тарбия карда намешавад, худатро дур гир тамом”. Ман бо хоҳаршӯям қариб гап намезадам, танҳо ба саволҳояш ҷавоб медодам. Ӯ дар набуданам хонаҳои маро мекофт, бо ҳар баҳона телефонамро гирифта мекофт, ҳар гоҳе кораш ба беморхона афтад, албатта аз ҳамкоронам чанд будани маошу фоидаҳои маро низ мепурсид. Беҳад зиқ мешудам, аммо меҳрубониҳои шавҳари дипломдори муҳоҷирам диламро ба зиндагӣ гарм мекард.

давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД