Мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025 дар қалби Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир шуда, ба анҷом расид. Дар рӯзи охири мусобиқа паҳлавонҳои тоҷик соҳиби 3 медал шуданд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Темур Раҳимов дар вазни +100 кг бо ҳунару маҳорати волои худ соҳиби медали тилло шуд. Дар рақобати финалӣ Темур бо имтиёзи иппон ғалабаро бар ҷудокори озарӣ Ҷамол Ғамзатхонов ба даст овард. Ин тиллои дуюми Темур дар мусобиқаҳои Гранд Слам буд. Дар умум Темур дар мусобиқаҳои Гранд Слам соҳиби 10 медал, 2 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ шудааст, ки дастоварди таърихӣ барои як ҷудокори тоҷик маҳсуб мешавад.
Дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов бо мағлуб кардани рақибон то ба финал омад ва онҷо аз паҳлавони ботаҷриба Ҷаъфар Костоев аз АМА шикаст хӯрда, соҳиби нишони нуқра гардид. Ин аввалин нуқра ва дар умум 5-умин медали Маҷидов дар мусобиқаҳои Гранд Слам буд.
Дар ҳамин вазн Кароматулло Ҳакимов соҳиби нишони биринҷӣ шуд. Дар рақобат барои нишони биринҷӣ Ҳакимов ғалабаро бар намояндаи Британия Кабир Оливер Барратт соҳиб шуд. Барои Кароматулло аввалин медал дар мусобиқаҳои Гранд Слам маҳсуб мешуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзи охири мусобиқа 13 ҷудокори тоҷик баромад намуданд ва танҳо ба Темур, Ҷаҳонгир ва Кармотулло даст дод, то соҳиби ҷоизаҳои мусобиқа гарданд. Дар вазни то 90 кг Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Шодмон Ризоев, Музаммир Каримзода, дар вазни то 100 кг Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Малаев, дар вазни +100 кг Мансур Раҳмон, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Раҳматулло Мирзоев ва дар вазни +78 кг Виктория Киселёва мағлуб шуда, бидуни ҷоиза мусобиқаро ҷамъбаст намуданд.
Дар мусобиқа 226 ҷудокор аз 27 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Аз ҳисоби медалҳо Тоҷикистон бо 11 медал, 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ҷои аввалро миёни 27 кишвари иштирокчӣ ишғол намуд. Озарбойҷон бо 4 медал дар ҷои дуюм ва Фаронса бо 7 медал дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтанд.