Федератсияи Россия раванди муҳоҷирати ихтиёрии ҳамватанонро тариқи барномаи “Переселения соотечественников” нисбатан содатар ва ҳуҷҷагузориро осон мегардонад. Дар ин бора сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин хабар додааст.
“Бо сода кардани шартҳо ва талаботҳои барномаи “Переселения соотечественников” мо мехоҳем раванди муҳоҷирати ҳазорон нафар ҳамватанонамон ва аҳли хонаводаи онҳоро осонтар гардонем, то ки тавонанд ба роҳатӣ ба Россия кӯчида, дар ин ҷо кору зиндагӣ кунанд”-гуфтааст Михаил Мишустин дар як ҷаласаи фаврӣ ба ҷонишинҳояш.
Акнун хоҳишмандони кӯчбандӣ ба Россия метавонанд натанҳо аз кишваре, ки шаҳрвандиашро доранд, балки аз дигар давлатҳо ва дар худи қаламрави Россия низ тариқи ин барнома барои кӯчидан ба Федератсияи Россия ариза пешниҳод намоянд.
Минбаъд барои тариқи ин барнома ба Русия кӯчидан тарҷума ва бо муҳри нотариалӣ тасдиқ кардани ҳуҷҷатҳое, ки тарҷумаи русӣ доранд, лозим намешавад.Шумораи ҳуҷҷатҳои зарурӣ низ кам карда шудааст, аз ҷумла пешниҳод кардани зоднома, ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот ва собиқаи корӣ ҳатмӣ нест.
Тавре ки “Российская газета” менависад, барои гурезаҳо ва шахсоне, ки дар Федератсияи Россия паноҳгоҳи муввақатӣ ба даст овардаанд, шартҳои махсус ҷорӣ карда шудааст. Аризаи ин табақа бо усули тезонидашуда қабул карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки Барномаи “Муҳоҷирати ихтиёрии ҳамватанон ба Федератсияи Рссия” аз соли 2006 арзи вуҷуд дорад. Акнун шаҳвардони хориҷӣ низ метавонанд тариқи ин барнома шаҳрвандии Федератсияи Россияро ба даст оваранд, ба шарте, ки забони русиро балад бошанд. Талабот дар бораи донистани забони руси аз 1-январи соли 2024 қувваи қонунӣ пайдо мекунад.