arzon replenishment
Тӯйи арӯсиву домодӣ дар хонаи маъюбон
6503

 

Дар хона-интернати калонсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода тӯйи бошукӯҳе баргузор гардид. Замираи нозанин аз хушбахтӣ мисли гул шукуфта бо кӯмаки дугонааш пироҳани арӯсиашро ба бар мекард ва қатраҳои ашк мисли дурдона аз дидагонаш ҷорӣ мешуданд, аммо ин ашкҳо ашки шодӣ буданд...

туй дар хонаи маъюбон-2

Домод Муродҷон бо сабаби аз нигоҳи ақлонӣ рушд наёфтан дар хона-интернати калонсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунад, вале новобаста ба мушкилоти саломатиаш Замира ӯро аз сидқи дил дӯст медорад. Азбаски худи Замира низ маъюб аст, дарди дили Муродҷонро ба хубӣ мефаҳмад ва эҳсос менамояд, аз ҳамин хотир маҳз ҳамин ҷавонро интихоб намуд, то дар зиндагӣ марҳами доғҳои ҳам бошанд. Онҳо як сол пеш паймони муҳаббат баста буданд ва тамоми ин муддат интизорӣ мекашиданд, ки шояд шахси хайрхоҳ ва меҳрубоне пайдо шуда, ба сӯяшон дасти ёрӣ дароз менамояд ва дар баргузории базми арӯсию домодиашон кӯмак мерасонад.

Билохира, худованд оҳи дилдодагонро шунид ва Парвина Рӯзиева, асосгузори фонди "Делай добро" бо волонтерҳои худ гузаронидани базми арӯсии ошиқонро бар дӯши худ гирифта, тамоми лавозимоти зарурии тӯёнаро харидорӣ намуданд.

Тӯйи арӯсию домодии Замира ва Муродҷон бо дарназардошти расму оини тоҷикона сурат гирифта, сарояндагони булбуловоз бо таронаҳои дилангези худ базми висоли ин ҷуфтро гарм намуданд.

туй дар хонаи маъюбон 3

Волидони Замира ва Муродҷон хеле дур зиндагӣ мекунанд ва натавонистанд дар базми висоли фарзандонашон иштирок намоянд, вале истиқоматкунандагони хона-интернати калосолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода ба ҷойи падару модар ба келину домоди хушбахт дуои нек дода, аз таҳти дил хурсандӣ ва рақсу бозӣ мекарданд.

Роҳбарияти хона-интернати калосолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода аз Парвина Рӯзиева ва фонди “Делай добро” миннатдоранд, ки базми арӯсию домодии Замира ва Муродҷонро баргузор намуда,савоби ин ду ҷавони маъюбро гирифтанд.

Замира ва Муродҷон аз он ки ба васли ҳамдигар расиданд, бисёр хурсанданд, аммо ин ҷуфти ҷавон бисёр мехоҳанд ҳуҷрае дошта бошанд ва минбаъд якҷоя зиндагӣ кунанд.

туй дар хонаи маъюбон-4

Мо ба ин ҷуфти зебо бахти сафед таманно намуда, дуо мекунем,ки худованд онҳоро ба кулли орзуҳояшон бирасонад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД