Наврӯзро дар гӯшаву канорҳои гуногун ба таври мухталиф ҷашн мегиранд. Азбаски дар кишвари мо дар баробари тоҷикон, ҳамчунин ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо ва намояндагони дигар халқу миллатҳо зиндагӣ мекунанд, қарор додем дар бораи Наврӯзро чи тавр таҷлил намудани ақалиятҳои Тоҷикистон ба шумо каме маълумот диҳем. Имрӯз мо дар боби Наврӯзии туркманҳо дар Тоҷикистон мегӯем.
Либоси миллӣ-ҷузъи муҳими наврӯзи туркманӣ
Ҳамасола рӯзи 21-март ҳазорон хонаводаи туркман дар ноҳияи Ҷилликӯл (ҳоло Дӯстӣ)-и вилояти Хатлон дар баробари тоҷикон бо иҷрои барномаҳои мухталиф Наврӯзи байналмилалиро таҷлил мекунанд. Онҳо дар айёми Наврӯз бо либоси миллии туркманӣ зоҳир шуда, ин идро ба якдигар шодбош мегӯянд.
Наврӯз дар хаймаҳои туркманӣ
Мардуми туркман худ намедонанд, ки аз кай боз муқими водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷиликӯл гаштаанд. Аммо хуб медонанд, ки онҳо як узви комилҳуқуқи ҷомеаи Тоҷикистонанд. Медонанд, ки Наврӯз барин ҷашну маросимҳои миллӣ бе намоиши хаймаҳои бобоии онҳо, бе намунаҳои гулдӯзии аҷдодиашон, бе садои думбраю чангқовуз ва сурудҳои халқиашон намегузаранд.
Новруз байрами
Дар Туркманистон ин ҷашн аз соли 1992 расман иди миллӣ эълон гардидааст ва ҳамеша бо риояи расму таомули қадима таҷлил мешуд. Ҷашни Наврӯзро, ки бо забони туркманӣ «Новруз» ё «Новруз байрами» меноманд, рамзҳову маъниҳои зиёд дорад. Баъзе аз расму оини наврӯзӣ дар туркманҳо тафовут доранд. Масалан, дар худи кишвар тантанаҳои Наврӯз танҳо пас аз маросими ниҳолшинонӣ, ки дар он ҳама мардуми кишвар — то Сарвари давлат ширкат меварзанд, оғоз меёбанд.
Уштурҳои қолинпӯш
Дар базмгоҳҳои асосии наврӯзӣ шутурҳои бо қолинчаҳои рангину ороишоти гуногун зебдодашударо дидан мумкин аст. Ин ба он хотир аст, ки шутур барои миллатҳои кӯчӣ ҷонвари хеле муҳим ва қариб муқаддас маҳсуб меёбад. Ин анъанаро дар миёни туркманҳои Тоҷикистон низ метавон дид.
Туркманҳо барои ҷашнгирии Наврӯз ба саҳро мебароянд ва хайма зада, онҳоро оро медиҳанд. Эҳтироми бузургсолон дар байни ин миллат хеле зиёд аст. Барои онҳо ҷойи махсус омода карда мешавад, ки роҳат нишинанд ва базмро тамошо кунанд.
“Семени-таом"-и наврӯзии туркманҳо
Меҳмононро бо сабзаи гандум ва шириниҳо истиқбол менамоянд. Таоми аввалини наврӯзӣ барои онҳо низ суманак аст, ки онро бо забони туркманӣ «семени» мегӯянд. Хони наврӯзии «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» низ дар тантанаҳои оммавӣ риоя мешаванд.
Турмандухтарони аспсавор
Тантанаҳои наврӯзиро миёни туркманҳо бидуни мусобиқоти гӯштингирӣ ё гураш тасаввур кардан мумкин нест. Мусобиқаи дигар аспсаворист. Онҳо ба намудҳои варзиш бо асп таваҷҷуҳи хоса доранд. Дар рӯзҳои ид бонувон низ ҳунари аспсавориашонро намоиш медиҳанд, ки базмгоҳҳоро ҳусну таровати бештар мебахшад.
Оташпараки наврӯзӣ
Туркманҳо гули бойчечакро рамзи Наврӯз медонанд ва рӯзҳои ҷашнгирии он дар манзилҳояшон дастархони идона меороянд, ба табрики пайвандон, пеш аз ҳама, волидон мераванд. Ҷавонон дар ҳар деҳу маҳалла бод мераванд, рақсу хурсандӣ, оташпарак мекунанд. Мардум бар он боваранд, ки ҳар касе дар рӯзи Наврӯз аз болои оташ ҳафт маротиба ҷаҳида бигзарад, аз дарду мушкилиҳо раҳо ёфта, ба соли нав солим ва бо неруи тоза ворид мешавад.
Наврӯз-иди дӯстии халқҳо
Хуллас, миллатҳои тоҷику туркман дар фазои ягонаи тамаддунӣ қарор дошта, ба ҳам дӯсту қаринанд. Наврӯзи туркманҳо низ ҷашни қадимисту бо Наврӯзи тоҷикон пайванди қавӣ ва ногусастанӣ дорад.
Ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистон мегӯяд, чорабиниҳои гуногун ва таҷлили ҷашнҳои мардумии туркманҳоро дар Тоҷикистон ҳамеша пурмазмун, бо ширкати фаъолонаи сокинони дигар халқу миллатҳои кишвар баргузор мекунанд.
Бояд гуфт, ки алҳол дар Тоҷикистон беш аз 25 000 туркман кору зиндагӣ мекунад, ки бештари онҳо дар ноҳияҳои Ҷиликӯл ва Қубодиён сукунат доранд. Онҳо дар радифи дигар ақаллиятҳои миллӣ дар пешрафти бахшҳои гуногуни ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон саҳм доранд.