Шамшод аз сулфаи зиӯд нафасаш гирифта, рӯяшро бо болишт пӯшонид. Мурдан мехост ин лаҳза.
Ба дигар маҳбусони масти хоб нигарист. Аз дил гузаронид, ки “Худое, агар дар ин маҳбас бимирам, магар вопасин дидор бо писаронаму падарҷонам насибам намегардад? Оё писаронам қотили модарашонро дидан мехоҳанд?”.
Боз сулфа гирифту тамоми баданаш ларзид. Духтури маҳбас гуфт, ки шояд дар ташхиси навбатӣ маълум шавад бемории ӯ.
Шамшод ба сақфи ҳуҷра дида дӯхт:
- Эҳ қисмат... чиқадарҳо пушаймонам, ки чаро он лаҳза ғазабамро дошта натавонистам. Охир, ғазаб аз шайтон аст. Бегуноҳ Фариштаамро куштам. Чӣ қадар зориям кард, ки аввал гӯшаш кунам, ба гапҳояш диққат надодам.
Эҳ дунё...
Шамшод гузаштаи талху ширинашро ба хотир овард. 14 сол пештар бо дӯстдоштааш Фаришта тӯй карданду ба васли ҳамдигар расиданд. Зиндагии оилавиашон мисли ширу шакар мегузашт. Фаришта соҳиби дугоник, писарони зебо - Ҳасан ва Ҳусайн шуд. Хурсандии хонаводаро ҳадду канор набуд.
Шамшод ба хотири зиндагӣ рӯ ба муҳоҷират овард. Тез-тез ба ҳамсараш занг мезад. Пул мефиристод. Якбора ба садама дучор шуду як муддат бекор монд. Ба ҳамсараш иҷозат дод, ки бо касби худаш дар беморхонаи ноҳия ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор кунад. Худаш аз муҳоҷират ба хона омад. Муддате табобат гирифт.
Боре додараш гуфт, ки янгаамро дидам, ки бо сардухтур дар саҳни беморхона баланд - баланд хандида гап мезанад. Аммо ин туҳмат буд. Чунки додари Шамшод ҳеҷ бо янгааш гапашон намепухт. Ӯ мехост, ки хоҳари янгаашро ба занӣ гирад. Аммо Фаришта медонист, ки додаршӯяш авбошу бекор аст ва розигӣ намедод.
Ин ҷавони худонотарс баъди ин чанд бори дигар ба акааш хабар расонид, ки “янгаамро бо фалон мардак дидам”.
Ҳамин тавр, рашки беҳуда миёни Шамшодро шикаст. Боре Фаришта баъди кор дертар ба хона омад. Шамшод гуфт, ки чаро дер омадӣ? Фаришта гуфт, ки касалии вазнин доштем. “Ман медонам касали туро” гуфта, Шамшод мушти обдоре ба сари ҳамсари бегуноҳаш фаровард. Фаришта аз ин мушти сахти мардона ба замин афтоду зорӣ кард, ки “отаи кӯдако, о ман чӣ гуноҳ кардаам, бигӯ?”. Аммо Шамшоди фирефтаи сухани додар ӯро бо тамоми кувваташ зад. Ба ин ҳам қаноат накарда, аз кокулони дарозаш кашида ба танаи девор рост карду бо мушт ба чашмонаш зад. Ин дам падараш давида омаду ӯро аз занаш ҷудо кард.
Вале духтурон Фариштаи беозорро аз марг наҷот дода натавонистанд. Зарбаи сахт ба дил риштаи ҳаёти ӯро канд.
Шамшодро ба муддати 11 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Соли 4-уми маҳбас аст, аммо саломатиаш ҳеҷ беҳ намешавад. Симои Фаришта ҳамеша пеши рӯяш аст. Аз карда пушаймон, додарашро нафрин мекунад.
Шамшод ҳоло дар маҳбас асту пушаймону бемор. Аммо ҷавоби кӯдакони ятиммондаи бемодарро кӣ медиҳад? Ҳайфо, ки як сухани бад метавонад як оиларо батамом ба нестӣ барад! Ҳайфо!...
Шаҳлои НАҶМИДДИН