Намоз мошинашро бари роҳ, дар ҷойи муқаррарӣ, рў ба рўйи тарабхонаи «Табассум» нигоҳ дошт. Аз мошин баромада, ба назди дўкони самбўсафурўшӣ омад. Ў бояд хоҳиши Маъсумаро иҷро мекард.
Бо қираи чашм дид, ки ду милиса, дар дасти яке поракоғаз, рақамҳои мошинҳоро аз назар мегузаронанд. Ба назди мошини Намоз омада, сарҳояшонро хам намуда, бо рақами дар поракоғаз буда муқоиса намуда, қомат бардоштанд.
Қоматбаландаш баланд овоз сар дод:
- Ҳой, ин мошини кист?
- Аз ман,- халтачаи пури самбўса дар даст Намоз ба онҳо наздик шуд.
- Рафтем ба прокуратура!,- амр кард милисаи қадпасташ.
- Барои чӣ?,- ҳайрон савол дод соҳиби мошин.
- Дар ҳамон ҷо ба ин саволат ҷавоб мегирӣ,- милисаи қоматбаландаш аз дасти Намоз гирифт.- Ба мо амр шудааст, ки туро ба назди прокурор барем. Пеш даро!
- Рафиқ прокурор, амратонро иҷро кардем,- ҳамин ки секаса ба дафтари кории прокурор қадам гузоштанд, милисаи қоматбаланд ҳисобот дод.
- Ба шумо ҷавоб,- прокурор айнакашро аз чашм гирифта, болои коғазҳо партофт. Аз курсии мулоими чармин қомати вазнинашро бардошта, бо қадамҳои устувор ба Намоз наздик шуда, мазоҳкунон ба гап даромад.
- Ҳа, Намоз Рамазонови дузана. Дузана, дузана, коса ба кафлес мезана.
- Ҳоло ба ин ҳолат нарасидаем,- бо нимтабассум ҷавоб гардонд Намоз.
Ҷавоби Намоз ба прокурор нафорид, ки ў якбора қошу қавоқ андохт. Прокурор гумон дошт, ки гумонбар худро ба пеши пояш партофта, ба зораву илтиҷо мегузарад. Соҳиби дафтари корӣ бо қаҳр амр кард:
- Рафта ҳар ду занатро гирифта биёр. Ман бояд онҳоро шахсан пурсам.
Вақте ки Намоз бо ҳамсараш Меҳринисо дар рў ба рўи прокурор рост шуд, ў бо тааҷҷуб савол дод:
- Зани дуюмат канӣ?
- Аз ваҷоҳати шумою шукуҳу шаҳомати бинои прокуратура тарсида, аз мошин нафаромад,- Намоз сабаби дуҷон будани ҳамсарашро ошкор накард.
- Ҳоло ман эҳтиром накардани ин даргоҳи муқаддасро ба ў нишон медиҳам,- гўён бо шаст аз курсӣ қомат бардошт ва шитобон ба сўи дари баромад қадам гузошта, ба зану мард фармон дод:
- Аз қафои ман!
Прокурор ба мошин наздик шуда, дари онро бо шаст кушод. Чашмаш ба Маъсума расидан баробар, аробаи маъюбиеро пеши назар овард, ки гоҳ - гоҳе дар сари роҳ, дар рў ба рўи бозор медид.
Ў бо азоб гардан тофта, аз Намоз пурсид:
- Зани дуюмат ҳамин?
- Ҳа, ҳамин.
Прокурор оҳиста дари мошинро пўшид. Даст ба пешонаи пурчинаш бурда, онро хеле молид. Баъд муфаттишеро ҷеғ зада, фармуд:
- Ҳамон марди аризабозро нисбати туҳмат карданаш даъват карда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ба ҳабс гиред.
- Иҷро мекунам,- гуфта муфаттиш ба идора даромад.
- Ба шумо ҷавоб,- прокурор даст барои хушбошӣ ба сўи Намоз дароз кард ва бо як хушҳолии тамом суханашро давом дод.- Зиндагии хушбахтонаатонро давом диҳед.
Онҳо, як шавҳару ду ҳамсар ба манзилашон баргаштанд ва се моҳ пас Маъсума писарча таваллуд кард. Меҳринисо тифлро бо меҳр болои даст бардошта, Бахтовар ном ниҳод. Аҳли деҳа аз ин ҳодисаи шодиовар хушнуд гардида, базми ҷамшедие оростанд.
Мутасаддиёни деҳаи Амондара ҷойи нишасти Маъсумаро зери дарахтони олуву зардолуи ғарқи гул интихоб карданд. Дар як паҳлуяш Намоз ва дар тарафи муқобилаш Меҳринисо ҷой гирифта буданд. Бахтовари ҳафтмоҳаи ширинак ағувағкунон бо чашмони калон - калони кушода ва бо даҳони воз ба рўи модараш нигариста, бо дастони хурдакакаш тафак мезад. Гунаҳкори ҷашн ба рақси нозаниндухтари куртаи чаканпўш, ки маҳсули ҳунари волои худаш буд, бо чашмони дурахшон менигарист ва суруди ҳофизи хушовозро бо завқ гўш дода, аз тулӯи бахти худ меболид.