Дар гирду атрофи мо миллионҳо вирусу микробҳои ба назар нонамоёне ҳастанд, ки метавонанд ба саломатии инсон зиён расонанд. Ин вирусҳо махсусан барои занони ҳомила хатарнок ҳастанд, чунки натанҳо ба худи зан, балки ба тифли дар батнаш буда низ осеб расонида метавонанд.
Имрӯз мо ба шумо дар бораи як вирусе маълумот медиҳем, ки боиси бо нуқсонҳои модарзодӣ ба дунё омадани тифл гашта метавонад, агар ин вирус дар вуҷуди зани ҳомила мавҷуд бошад.
Занҳои ҳомила бояд эҳтиёт бошанд
Табиби машҳури рус Аршинова Ирина Александровна мегӯяд, ки занон дар давраи ҳомиладорӣ бояд ба саломатии худ диққати дучанд диҳанд зеро бемориҳое, ки зан дар давраи ҳомиладорӣ аз сар мегузаронад, ба саломатии тифли батнаш низ бетаъсир намемонад. Махсусан вирус ва микробҳо барои зани ҳомила хавфноканд. Микроорганизмҳои зинда боиси бачапартоӣ, хунравӣ, исқоти ғайриихтиёрии ҷанин, мурда ба дунё омадани кӯдак гашта метавонанд. Тифл зинда ба дунё ояд ҳам, бо ягон нуқсони модарзодӣ ё беморӣ ба дунё меояд. Барои пешгирӣ кардани нуқсону бемориҳои гуногун зан бояд пеш аз ба нақша гирифтани тавлиди фарзанд ба пуррагӣ аз ташхис гузарад ва дар давраи ҳомиладорӣ низ ҳамеша дар зери назорати табибон бошад.
Цитомегаловирус чӣ хатар дорад?
Цитомегаловирус байни тамоми намудҳои вирусҳо дар занҳои ҳомила бештар мушоҳида карда мешавад. Мавҷуд будани ин вирус дар вуҷуди зани ҳомила метавонад боиси бо нуқсонҳои модарзод ба дунё омадани тифл гардад. Мушкилӣ дар он аст, ки ин вирус қариб, ки ягон нишона надорад, вале тифлаконе, ки аз модари ЦМВ дошта ба дунё меоянд, аз батни модар бо ҳар хел нуқсон ва бемориҳо таваллуд мешаванд. Дар ин қабил кӯдакон бештар нуқсон ва бемориҳои зерин мушоҳида карда мешаванд:
1. Ҷамъшавии минералҳо дар бофтаҳои майнаи сари кӯдак.
2. Калоншавии ҷигар ва испурч.
3. Илтиҳоби гавҳараки чашм.
4. Бо вазни ниҳоят кам таваллуд шудан.
5. Микроцефалия-тавлиди тифл бо сари аз меъёр хурд ва рушд накардани майнаи сари кӯдак.
6. Баромадани ҳар хел доначаҳо дар пӯсти тифл.
7. Гирифтор шудан ба шайтоналамиш-судороги.
8. Зардшавии пӯст ва ранги чашмони тифли навзод-зардпарвини неонатали.
Кӯдаконе, ки ин вирусро аз модар мерос мегиранд, бо мушкилоти неврологии бардавом рӯ ба рӯ мегарданд. Вируси мазкур метавонад боиси нуқсони узвҳои биноиву шунавоӣ-кар ё кӯр ба дунё омадани тифл гардад. Ин вирус кори майнаи сари кӯдакро низ суст гардонида дар оянда боиси пайдоиши мушкилоти ақлонӣ низ гашта метавонад.
ЦМВ хатари диабети ҷанд ва ҷоғарро мефзояд
Цитомегаловирус ба кори ғадуди сипаршакл низ таъсири манфӣ расонида, хатари дар оянда ба касалии қанд ва ҷоғар гирифтор гаштани кӯдакро меафзояд. Ин вирус барои остеопороз низ роҳ мекушояд.
Барои пешгирӣ чӣ бояд кард?
Цитомегаловирус аз зумраи вирусҳои хеле паҳншуда буда, аз он дар амон мондан душвор аст, бинобар ин, занони ҳомила бояд эҳтиёткор бошанд. Ба занони ҳомила ба хотири пешгирии гирифторшавӣ ба ин вирус тавсия дода мешавад, ки аз кӯдакони бениҳоят хурд каме худро дур бигиранд, зеро хурдтаракон аз зумраи паҳнкунандагони асосии ин вирус мебошанд. Тез-тез шустани дастони худ бо собун, пошидани спирт ё антисептик ба даст баъди тоза кардани оби даҳони кӯдак ё иваз намудани уребчаи тифл, худдорӣ намудан аз хӯрдани хӯрок ва нӯшидани обу нӯшокиҳо аз як зарф бо кӯдакон аз зумраи чораҳои дигари пешгирикунанда мебошанд.
Ба занҳои ҳомиладоре, ки дар боғчаи бачагона кор мекунанд, тавсия дода мешавад, ки аз алоқаи мунтазам бо кӯдакони то 30-моҳа худдорӣ намоянд. Тез-тез бӯсидани кӯдакони то 6-сола низ ба зани ҳомиладор тавсия дода намешавад.