Sebiston new 2024 october
Товони марги ҷавонписари 32 соларо кӣ медиҳад?
2820


Санаи 3-юми апрел, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи  тамғаи «ДЭУ-Нексия», Маҷидов Суҳробшоҳ  Музаффарович, соли таваллудаш  1981, сокини  кӯчаи Н. Қарабоеви пойтахт, ҳангоми ҳаракат ба самти маҳаллаи Зарафшон, дар рӯ ба рӯи тарабхонаи “Тоҷ”  аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагарди 32-сола , Бахтиёр Тиллоевро, ки сокини ноҳияи Панҷ аст, пахш намудааст.

Дар натиҷа Бахтиёр Тиллоев ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.


Ду садамаи маргбор 5 касро маюбу як нафарро кушт


Ҳамчунин рӯзи  2-юми апрел,тахминан соати 23:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Абдулхайров Абдулвадуд Ҷабборович, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Ҳушёри Гулободи ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти вилояти Суғд, дар ҳудуди н. Варзоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хова”, таҳти идораи ронанда, Валиев Хуршед Ярматович, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз самти вилояти Суғд ба самти ш. Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Абдулхайров А.Ҷ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.


Хуҷанд: Садамаи Фарзонаи Муродӣ фармоишӣ буд, ё тасодуф


Инчунин, рӯзи 2-юми апрели соли 2020, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Урунбоев Қаҳрамон Раҳимбоевич, соли таваллудаш 1996, сокини деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Шаҳринави ҳамин ноҳия аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, автомашинаро чаппа кардааст.

Дар натиҷа, худи ронанда, Урунбоев Қ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гардидааст.

Мутаассифона, мусофири дохили автомашина, ноболиғ, Мадибрагимов Ҷаҳонгир Ҳабибҷонович, соли таваллудаш 2005, сокини деҳаи Қаҳрамон, хонандаи синфи 9-уми МТМУ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

P.S: Аз тамоми ронандагони кишвар хоҳиш мекунем, ки дар роҳои автомобилгард ва кӯчаву гузаргоҳҳо қоидаи ҳаракати бехатариро риоя намуда ҷони худ ва дигаронро дар хатар нагузоранд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД