Formula novemver 2024
Хуҷанд: Садамаи Фарзонаи Муродӣ фармоишӣ буд, ё тасодуф?
3482

Мухбири минтақавии сомонаи Oila.tj ва Pressa.tj дар вилояти Суғд Фарзонаи Муродӣ саннаи 31-марти соли ҷорӣ тақрибан соатҳои 12:00 дар Ҷамоати Унҷӣ назди кӯчаи Арбоб ҳангоми аз пиёдагард гузаштан дар зери чархи автомобили тамғаи Mercedes-Benz монд.

Яке аз наздикони Фарзона ҳангоми сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигори сомонаи Оила вазъиятро ба таври зайл шаҳр дод: “Фарзона айни ҳол дар беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд дар шӯъбаи эҳё дар зери назорати табибон қарор дорад. Вазъи саломатии ӯ миёна вазнин арзёбӣ шуда, пойи рости ӯ то миёнаш гачбанд шудааст. Ӯ аз сӯзиши пою миён шикоят дорад.” Инчунин, наздикони журналист аз он нигаронанд, ки кӯдаки дар батни Фарзонабуда осеб надида бошад.

Фирдавс Турахонов, сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд гуфт, ки ҳолати хабарнигор баъди садама муътадил аст. Номбурда дар сӯҳбат бо “Oila.tj” гуфт: “Аз сабаби он ки бемор дар батнаш тифли 16 ҳафтаина дорад, ӯро ташхиси ренгенӣ кардан ғайримумкин аст. Аз ин лиҳоз, мо кӯшиш карда истодаем, ки табобати беморро ҳаматарафа санҷида, дуруст ба роҳ монем”.

Шахсияти ронанда то ҳанӯз муайян нагардидааст, вале аз рӯйи гуфтаи хешовандони ҷабрдида ронанда аз рӯзи сар задани садама то айни ҳол дар пушти дари беморхона қарор дорад.

Мақомоти дахлдори вилояти Суғд аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот бурда истодаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД