Маҳсулоти лозима
2 дона – тухм 200 грам – шакар 110 грам – маска 60 грам – равған 220 грам – шир 270 грам – орд 10 грам – маводи ковокунанда 5 грам – ванелин, сода
Барои ороиш
400 грам – қаймоқ 100 грам – хокаи шакар 1 қошуқ – шоколад ё варёнка
Тарзи таҳия
Дар зарф орд, ванелин, сода, маводи ковоккунанда, 3 қошуқ какао гирифта, ҳамаашонро якҷоя мекунем. Дар зарфи дигар маска ва шакарро омехта мекунем. Тухмро дона-дона илова карда, бо миксер лат мезанем. 4 – 5 қошуқ равған андохта, боз камри дигар лат мезанем ва ба 220 грам шир 1 қошуқ уксус илова карда, ба он ҳамроҳ мекунем. Дар охир орди бо какао омехтаро кам –кам илова намуда, омехта мекунем.
Ба қолаб қоғази пергамент тунук карда, хамирро мерезем. Торт бояд дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа 35 -40 дақиқа то пӯхтанаш истад. Баъди пухтан онро 2 соат нигоҳ медорем, то ки хунук шавад, баъд аз қолаб мекушоем.
Барои ороиш қаймоқро бо миксер лат мезанем ва 5 – 6 қошуқ хокаи шакар ва 1 қошуқ шоколад ё варёнка илова карда, лат мезанем.
Тортро аз айнаш ба 3 қисм ҷудо мекунем ва дар байни ду қабаташ қандоб рехта, малҳам ( крем) мемолем.
Қабати 3 – юмро мемонем ва барои ороиши он 220 грам дилала ва 200 грам шири хунукро лат зада, ба рӯяш мерезем. Дар охир шоколадро об карда, болои тортро оро медиҳем ва дар болояш гул мемонем.