arzon replenishment
Торти “Мевагӣ”
793


               Маҳсулоти лозима:
6дона – тухм
200грам – шакар
200грам – орд
1дона – маводи ковоккунанда
1дона - ванилин
1 қошуқ оби гарм
Барои ороиш:
200грам - қаймоқ (сливки)
250грам – хокаи шакар
10дона - клубник
5дона - киви
                       Тарзи таҳия
Дар зарфе тухм ва шакарро 5 дақиқа бо миксер лат мезанем. Баъд ба он орд, моддаи ковоккунанда, ванелин илова карда об меандозем ва лат мезанем. Ба қолаб равған молида қоғази пергамент тунук мекунем ва маҳлулро ба қолаб мерезем. Тортро дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа 30 – 35 дақиқа пухтан лзим аст.
Бисквит, ки пухт онроба 2 тақс тақсим мекунем.
Барои ороиш қаймоқро бо миксер то тайёр шуданаш лат мезанем ва ба он хокаи шакарро илова карда, лат мезанем.
Вақте ки маҳлул (крем) тайёр шуд ба қабати якуми бисквит мемолем, сипас клубника ва кивии реза кардаро мечинем. Қабати дуюмро низ маҳлул ( крем) мемолем ва шоколади обкардашударо ба болояш рехта, тортро муввофиқи хости худ оро медиҳем.

Барои ороиш киви ва клубникро истифода бурдан мумкин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД